Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

кушода, болои сар Нусратро бо нигоҳи хашмолуд, бо қиёфаи даҳшатбор дид. Хост аз ҷой хезад, натавонист.

Акнун сарфаҳм рафт, ки дасту пояшро бо ресмон сахт бастаанд.

  • Беҳаё! Моро дар назди хешу табору дӯсту душман рӯйсиёҳу шармсор кардӣ! - Нусрат ба рӯйи Офтоб боз як мушти обдор фаровард, ки аз зарби он духтар дубора аз ҳуш рафт.

Ин дафъа ба худ омадани Офтоб тӯл кашид. Нусрат болои сари вай чуқур – чуқур нафас кашида, интизор истод. Ҳамин ки пилки чашмони Офтоб оҳиста боз шуданд, калимаҳоро ҳиҷокунон ба забон овард:

  • Ба беномусии ба сарамон омада падару модар тоб наоварда, аз олам гузаштанд.

Аз ду бари рухсораҳои заъфаронии Офтоб болои намад ашк мечакид.

  • Аз ёфта оварданат ба шавҳаршавандаат хабар фиристодам. То омадани ҷавоб бо дасту пойи баста асир мемонӣ. Бо гирифтани ҷавоб тақдират ҳал мешавад. Ё зани Тӯхта – паҳлавон мешавӣ ё ман аз баҳри чунин хоҳар мегузарам...

Қосид баъди як ҳафта ҷавоб овард, ки он хеле кӯтоҳу таҳқиромез буд. «Хоҳари сабукпоят аз сарат монад».

Нусрат тозиёнаро аз сутуни ҳавоза гирифта, ба хона даромаду хоҳарашро ба истинтоқ гирифт.

  • Ман туро мекушам, мекушам туро...

Хизматгор оҳиста дарро кушод. Нусрат бо чашмони хунгирифта гардан тофт.

  • Як гурӯҳ аскарони сурх ба ин тараф меоянд!-тарсидаю ларзида хизматгор хабар овард.
пешина
аз 164
навбатӣ