Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Дасти ба ҳаво бардоштаи Нусрат шах монд – ҳамагӣ як лаҳза. Ӯ тозиёнаро ҳаво дода, ба тарафи дар парид. Сари роҳ хизматгорро зада афтонда, ҷониби коҳдон давид.
Ба ҳавлӣ ҳамроҳи ду сарбоз Довуд зада даромад. Нусрат аз коҳдон бо сару рӯйи хошоколуд баромада, Довудро ба нишон гирифту дод зад.
– Ҳеҷ гоҳ ин бешарафиро намебахшам!!
Аммо сарбози ҷавон бо як тир Нусратро ба замин хобонд.
– Расул, ман аз ту қарздор, – минатдорӣ кард Довуд. – Ҷони маро раҳондӣ.
Нусрат сар аз замин бардошта, бори дигар мили милтикро сӯйи Довуд рост кард. Тири дуюми Расул Нусратро ба он дунё бурд.
Довуд ба хона даромаду Офтоби беҳушу беёдро бардошта берун баровард. Оҳиста болои кати чӯбин хобонду бо рӯймол сару рӯйи хуншорашро пок кард. Сарбози дуюм косаи обро дароз намуд. Довуд рӯймолро тар карда, ба лабони хушки лахт-лахт кафидаи маҳбубааш гузошт. Офтоб бо азоб чашм кушод.
– Барои ту ҷон бахшидан хушбахтист, – Офтоб боз аз ҳуш рафт.
Довуд ашки чашмонашро бо кафи дастони шахшул пок намуда, сари дилдодаашро ба қафаси сина зер кард.
Имрӯз аз саҳар ҳама чиз як ҳузуру ҳаловати тантананоке дошт. Ин рӯҳия Офтобро ба лаби кӯл овард. Гирдогирди кӯлро най, алаф, растаниҳои гуногун печонида, дар тарафи рости кӯли пуроб се дарахти бузурги бед қад афрохта буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё