Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
шаршараҳои рақсон. Духтаракони қоматбаланди химчамиёни маст сӯйи чашма кӯза ба даст мерафтем. Гирди чашма ҳалқа зада, суруди Мисколро гӯш мекардем.
Дар сараки сарчашма чӣ гуфтӣ ту мара?
Ман садқа шавам забони ширини тура...
Эҳ, ҳамаи онро чӣ хел ба ту тасвир созам? Шунидан кай бувад монандӣ дидан? Хайр, бихез! Ба назди духтарон меравем, — Назокат аз дасти Офтоб гирифта, ба боло кашид.
Офтоб дар рӯ ба рӯйи Назокат қомат бардошту табассуми меҳрборе ҳадя кард.
— Худоё, Худовандо, — духтар ҳар ду дасташро ба ду тараф ёзонд, — ту дар ҳақиқат хушрӯйӣ! Аз ман дида зеботарӣ, беҳтарӣ, хушбахтарӣ. Зиндагии ширини ту дунёи рашку ҳасади ман аст. Шавҳари хубу меҳрубон дорӣ...
— Ҳақ ба ҷониби туст, — сухани дугонаашро бурид Офтоб. — Ҳамаи инро ман медонам. Рафтем, ба назди Илёс.
Илёс онҳоро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифту якбора аз Офтоб пурсид:
— Аз дастат чӣ кор меояд?
Офтоб бо аломати ҳеҷ чиз китф дарҳам кашид. Раис ба андеша рафт. Холдона сулфа карда, ба гап даромад.
— Ин духтари хондагияст. Чӣ мешавад, ки моро хату савод нишон диҳад?
— Кӯдакон аз бекорӣ намедонанд сарашонро ба куҷо зананд, — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд холаи Бибича.
— Чӣ фикри олиҷанобе! — Чунонки кӯҳи азимеро аз дӯши раис гирифта бошанд, Илёс сабук аз ҷой хесту ба ҳозирон рӯ овард. — Пагоҳ ҳама бачаҳоятонро ба хонаи Офтоб мебаред. Худатон баъди кор вақт ёфта, барои барҳам додани бесаводӣ аз ин зан сабак мегиред. Фаҳмо?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё