Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
– Куҷояш нофаҳмо? – бобои Талбӣ гапи раисро тасдиқ кард. – Мани мӯйсафед ҳам рафта, савод мебарорам. Аз чилик пахш кардана дар коғаз безор шудам.
– Саводи ту ба кӣ даркорай? – шӯхӣ партофт ҳамсараш холаи Чолак. – Як поят дар лави гӯру.
Ҳама баробар хандиданд. Мӯйсафед наренджид. Аз ҷояш париду ба тарафи кампираш даст бардошт.
– Ҳоло ман бақувватам. Ту мара дарав ба гӯр набар. Ку дар ҳаминча будагиҳо ҷавоно кадомашон бо ма гӯштӣ мегира?
Атрофро аз нав ханда пахш кард. Як – ду ҷавон гӯё тарсида бошанд, ки ба ҳар тараф гурехтанд. Пирамард рух гирифт.
– Дидӣ, занак, пӯсти барзагов чанд ҷувонара борай. Холӣ, ма худут ворӣ чандта занака пир мекунум.
– Ҳай, ҳай, – холаи Чолак каландро ба китф гирифт. – Ита, айгир шудаӣ! И зӯрита бегаҳ нишон метӣ.
Хандаи мардум аз нав авҷ гирифт. Зану мард ҳазлу шӯхиро рангу бори дигар дода, ба кор часпиданд.
Самадро ба маҳракаи кофтани канали Фарғона сафарбар намуданд. Сабаби ба ин заҳмати сангин тан доданаш дар бозии қимор пули калон бой додан буд. Ҳар чӣ тезтар мехост, ки аз ин нокомӣ раҳо ёбад. На кӯшки Тошпӯлодро гирифта тавонисту на рамаашро. Моликияти язнаашро балчабекҳо миллӣ кунонданд. Бригадаи ӯ дар паҳлуи ҳашарчиёни тоҷик ҷой гирифт. Дар байни коргарон Довуди паҳлавончуссаро дарҳол шинохта, қасди чандин сол дар замири дили сиёҳаш хобида якбора алангӣ гирифт. Ӯ бо тамоми ҳастӣ дарк мекард, ки дар муборизаи тан ба тан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё