Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

бартарӣ ҷониби рақиб. Ба фикр афтид. Чӣ тавр қасос гирад? Шабҳо ин фикр ӯро ором намегузошт. Аз тарафи дигар, дар сохтмон музди мувофиқ намедоданд. Гуфтаи касе ба ёдаш расид. Барои ошиқро куштан танҳо маъшуқаашро дуздидан даркор асту бас. Бо ин роҳ аз Довуд пули калон рӯёнидан мумкин. Боэҳтиёт ҷойи зисти Довудро муайян карду шабе аз сохтмон ғайб зад...

Офтоб хеле баланд шуда, болои водии Вахш нурпошӣ мекард. Аз куҷое як села кабутарон парида омада, дар лаби кӯл бо кум — кумашон зебоии атрофро тобиши дигар доданд. Баъзеяшон бе шитоб машғули оббозӣ шуданд. Офтоб такя ба дарахт аз бозию хониши онҳо ҳаловат мебурд.

— Афсӯс, — аз дил гузаронд Офтоб. — Касе кабутаронро рамонд. Села зуд ба ҷониби дарёи Вахш парвоз намуд.

— Интизор набудӣ? — Офтоб тағояшро болои аспи сиёҳмушкин дида, аз ҳайрат базӯр қомат бардошт.

— Сарам ба осмон расид, тағоҷон, — даст пеши бар гуфт Офтоб. — Марҳамат, нури дида, тоҷи сар.

— Ин қадар сол кӯр шуда бошад ҳам, ҳеҷ дигар нашудай, — ба хушомад гузашт Самад.

— Зиндагии хушбахтона дорам, — хушнудӣ кард зан.

— Чиянам чӣ ҳол дошта бошад гуфта, ба роҳ даромадам.

— Манзили маро чӣ хел ёфтед? Азоб кашидагистед? Роҳ бисёр дур.

— Не, чандон азоб ҳам накашидам, — чиянашро хотирҷамъ кунонд Самад. — Одамони нек хонаатро нишон доданд. Дар лаби кӯл воқеъ будааст. Ҳавояш салқин, дарахтзор, ободу зебо. Хайр, ку гап зан. Шавҳарат куҷост?

пешина
аз 164
навбатӣ