Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
муҳофизат кунем. Барои ҳамин ба фронт ҷавонмардон чун обу ҳаво заруранд. — низомипӯш ба тоҷикӣ чунин гуфту боз маънидорона ба Бароти ланг нигарист.
— О, — охир, бачаи ман ҳабдаҳсола, — овоз дар гулӯи Рӯзӣ банд хӯрд. — О, ин чӣ хел меша?..
— Қаду қоматаш ба йигити бисту панҷсола монад, — низомипӯш дағалона ба байни гапи ӯ давид. — Паҳлавон. Дасту бозуи пуркувват дорад. Худи Рустами Дастон барин. Бин, чӣ хел замин ҷуфт мекунад. Баъдан, ҳоло дар он ҷо, — намоянда бо дасташ тарафи офтобшинро нишон дод, — занҳову кӯдакон, ҳатто пирони барҷомонда ҷангида истодаанд. Так что, писарата мебарем, — гуфта ба милисаҳо ишора кард корманди комиссариати ҳарбӣ.
Онҳо зуд ба назди Фозил рафта аз дастонаш доштанд. Рӯзӣ дигар гӯё тани беҷон шуда буд оҳиста ба ҷояш нишаста монд ва ҳайратзада ба ин саҳна менигарист. Медонист, ки коре аз дасташ намеояд.
Ба таги нишебӣ расида, овози падарро шунид Фозил, ки мегуфт:
— Писарааам, тақдиратро ба Худованд супорида — ааам!
Пиёдаву ҳарсавор баъди ду рӯз ба шаҳри Сталинобод расиданд. Дар вокзал гурӯҳи ҷавонони ҳамсинну соли худро дида, Фозил фаҳмид, ки танҳо набудааст ва андаке алами дилаш сабук шуд. Дастаро гурӯҳи милисаҳо печонида буданд. Пас аз хуштаки сеюми паровоз онҳоро ба вагонҳо тела дода савор карданд ва поезд наъразанон ба ҳаракат даромад.
Дар вагон рӯ ба рӯяш ҷавони хушкаду қомати дар офтоби фаратон сӯхтаву обутоб ёфтае менишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё