Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Гурез! — аввалин шуда барои шиносӣ даст дароз намуд ӯ.
— Фозил, — дасти пуркуввати ҷавонро фишурд.
— Аз Кагановичобод, — ҷавон борхалтаашро кушод.
— Аз Сангвор. Аммо ман бо худ чизе нагирифтаам, — Фозил ба шарҳи ҳол гузашт. — Маро аз сари замин дошта оварданд, ҷуфт мекардам.
— Фаҳмо, — сар ҷунбонд Гурез. — Маро ҳам аз майдони пахтазор доштанд. Об мемондам. Гуфтанд, ки пойтахти ватани ҷопончамонро бояд ҳимоя намоем. Ҳеҷ гап не. Бо ҳам мебинем, — кулчаеро ба ҳамсафараш дароз кард.
Ёздаҳ рӯз дар роҳ буданд. Онҳоро на дар назди пойтахт, балки дар пушти шаҳри Великие Луки аз вагонҳо фароварданд. Фозил, ки пеш аз ин ягон бор аз деҳа набаромада буд, нав фаҳмид, ки дунё беканор будааст. Даъватшудагонро ба дастаҳо ҷудо карда, ба хати пеши фронт оварданд. Бе тайёрии ҳарбӣ ва бе шиносӣ бо силоҳ. Фозил дар муддати ҳаждаҳ рӯз ҳамин қадар донист, ки ба дивизияи генерал Власов афтидааст. Дар байни ҷавонони ношинос худро мисли раҳгузаре ҳис мекард, ки дар чорсӯ қарор дорад.
Он воқеаи шуме, ки ба тамоми тақдири ояндаи Фозил хати сиёҳ кашиду ба дӯшаш ғурбати иҷбориро бор кард, дар фасли зимистони соли аввали ба ҷанг омаданаш рух дод. Аввалҳо фикр мекард, ки кош ҳамон лаҳза бомби душман танашро пора-пора мекарду барои ин нангро намебардошт. Аммо бо гузашти солҳо, баъди оиладор шудану фарзанд ба дунё овардан ва лаззати ҳаётро чашидан, ба ин хулоса расид, ки беҳбаҳотарин неъмат зиндагӣ будааст. Нафас

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё