Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Савора наздик шуда, салом дод. Занону мӯйсафедон барои эҳтиром аз ҷой хестанд. Исоев асобағалашро аз қоши зин гирифта, шӯхиомез ба бобои Сайфиддин дароз кард.

– Аввал поям алоҳида аз асп мефарояду баъд баданам.

– Эҳ, ин ҷанги сабилмонда ба сари инсоният чӣ қадар кулфат оварда истодааст, – мӯйсафед Сайфиддин асобағаларо ба як дасташ гирифта, бо дасти дигар аз тафи Исоеви аз асп фаромада мустаҳкам дошт. – Ин хел ҷанги бемаъниро якум бор дар умрам мебинам. Одамо аз ин задухӯрди гӯштқимакунӣ бе пойю дасту кӯру кар баргашта истодаанд. Ҳоло маълум нест, ки ин хонумонсӯзӣ боз чанд соли дигар давом мекунад. Худо аз ин бад накунад.

Исоевро рӯзи якуми ҳуҷуми душман ба фронт даъват карданд. Бахт ба рӯйи ҷанговари ихтиёрӣ омад накард. Эшелони онҳоро дар наздикии шаҳри Смоленск тайёраҳои фашистон гулӯлаборон карданд. Исоеви аз як пой маҳрумшударо аввал ба госпиталь, баъд ба ақибгоҳ фиристоданд.

– Азобу уқубатҳо мегузарад, – дили мӯйсафедро бардошт Исоев. – Мо ҳатман ғалаба мекунем.

– Илоҳо, гуфтаҳоятро малоикаҳо шунида омин гӯянд, – пирамард кафи дастони шахшулашро ба рӯйи харобу пурочингаш кашид. – Мегум, аз ҷанг рафтани Илёс дилат қарор намегирад.

– Бале, бобоҷон, – Исоев ба тарафи сояи беди танҳо, ки занон барои истироҳат интихоб карда буданд, лангон-лангон равон шуд. – Дар ин хоҷагӣ бояд раисро интихоб намоем. Шумо, бобо, одами кордида, синну солатон ҳам ба як ҷо расидагӣ, одамонро хуб мешиносед. Ку як фикр кунед. Киро сардор интихоб кунем?

пешина
аз 164
навбатӣ