Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
гашт. Таъбаш хира. Мурдани шароб хӯрду аламаш фурӯ нанишаст. Ин дафъа ҳам дар бозии қимор пули калон бохт. Дарро кушода, чияни дар Яккамех бастаашро ба хотир оварду аз дил гузаронд: «Аз Довуд дарак нест, то ки пули қиморро рӯёнам».
– Ҳа, чияни фосик! Ҳоло ҳам дар ишқи Маҷнунат сӯхта истодай? Ку ҳамон ошиқи шайдою девонаат, ки ҷонатро бо пул харида наҷот диҳад? – Самад тозиёна бардошт.
Суроб ба ҷунбиш даромад. Рӯймол аз сари мард ғеҷида, ба замин афтиду теги нигоҳи хашмгину оташбори Довуд синаи Самадро шикофт. Дасташ дар ҳаво, надонист, ки аз зарбаи лагади паҳлавон ба кунҷи оғил парида, дар мехи девор бо тахтаи пушт овезон монд.
– Ҷонакам, ин чӣ кори кардагиат? – Офтоб даст ба рӯй кашид.
– Барои азобҳои додааш! – синаи Довуд аз шиддати ғазаб медамид.
– Охир, ӯро куштӣ, – Офтоб ба гиря даромад.
– Барои ишқи ту ба ҳама кор қодирам, – чашмони Довуд шарора мепошид. – Агар дар рӯзи тӯй ба хоҳишам розӣ намешудӣ, ҳам худаму ҳам туро мекуштам.
– Биё, тезтар аз ин ҷо гурезем, – зан аз дасти шавҳараш гирифту сӯйи кӯча кашид.
Мӯйсафеди Сайфиддин даст болои пешона бурда, ба тарафи роҳи калон бодиққат нигоҳ кард.
– Каримҷон, мегум, ки савора Исоев набоша? Чашмои ту тезан. Ку, нигоҳ бикун, гапум ростай?
– Ҳа, бобо, – набера ба самти нишондодаи пирамард чашм дӯхт. – Худи худаш – Исоев.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё