Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Қисмҳои ин гуногун аст: кофчак, сиёҳ, зард ва ғайра.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст бо қуввати хушккунандагӣ.
Хислатҳои шифобахши он: равғанашро ба чашм моланд, фуромадани оби зарарнокро ва гавҳараки чашм манъ мекунад.
Пӯсташро дар шароб ҷӯшонида, он шаробро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди онро шифо мебахшад. Инро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.
Чун мори сиёҳи хонагиро дар кӯзаи нав андохта, дар оташи ҳаммом гузоранд ё дар оташи танӯр бимонанд, то ки мор бисӯзад, баъд бароварда соида, бо асал сиришта ба чашм кашанд, чашмро бағоят қавӣ мегардонад. Инро бо равғани зайтун сиришта бар ханозер (хукгардан) бимоланд, онро таҳлил медиҳад; бо сирко хамир карда, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш бимоланд, мӯй мерӯёнад ва ба носур бимоланд, хушк мекунад.
Пӯсти морро сӯхта, бо равғани зағир даромехта, чанд рӯз ҳамон тавр бимонанд ва баъд ба носурҳои кӯҳна бимоланд, хеле хуб таъсир мекунад.
Чун дум ва заҳраи онро дар равған андохта, то муҳарро шудан биҷӯшонанд, баъд онро ба махав ва озах бимоланд, онҳоро дур мекунад.
Дандони морро дар зинда буданаш канда, бо ришта дар латтае баста, ба гардан овезанд ва ё муттасил дили онро биёвезанд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад.
Пӯсти онро, ки ҳар сол як бор мепартояд, ба рони занони ҳомила бибанданд, зоидани онҳо осон мегардад. Агар инро сӯзонида, занҳои ҳомила худро ба дудаш бидоранд, баҷаи онҳоро аз шикам меафтонад; касони гирифтори бавосир мақъади худро ба ин дуд бидоранд, донаи бавосирро хушк мекунад.
Тӯхми морро бо сирко ва танакор бисоянду ба доғи пес бимоланд, песро дафъ мекунад.
Табиби қадими юнонӣ Макротис гуфтааст, ки чун шиками мор аз сар то думаш чок карда, чизҳои даруни шикамашро гирифта дур сохта, ба ҷои онҳо шохитараи хушкро, ки дар об тар карда, нам гиронда бошанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё