Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

пур купанду баъд ҷои чокро дӯхта, дар оташ гузоранд, то ки бипазад. Сонӣ шоҳитараро бароварда, ба доғи пес гузошта банданду баъд аз як шабонарӯз бикушоянд, тамоман сиҳат мегардонад.

Мизоҷи пӯсти мор дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст, ба қавли баъзеҳо дар саввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: 3,5 грамм пӯсти морро реза карда, бо 7 грамм орди ҷав хамир сохта, монанди нони кӯмоч дар зери сангрезаҳои тафсони оташ пухта бихӯранд, бавосири зоҳирӣ ва ботиниро дафъ мекунад.

Агар ҳар рӯз то се рӯз 3,5 грамми онро бо се адад хурмо бихӯранд, аввалан баромадани озахҳоро манъ мекунад ва агар баромада бошад, хушк карда мерезонад.

3,5 грамм пӯсти морро бо зок, ки сӯхта хокистар гардонида бошанд, бихӯранд, санги ҳичакро майда карда мерезонад.

Пӯсти морро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро дар даҳан гардонанд, дарди дандон ва дарди милки дандонро дафъ мекунад ва захмҳои милкро шифо мебахшад.

Равғани зайтунеро, ки дар он пӯсти мор ҷӯшонида шуда бошад ё муддате ҳамон тавр дар офтоб гузошта шуда бошад, дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад ва моддаи аз даруни он равонро хушк мекунад. Ин равғанро дар чашм чаконанд, кӯтури чашм, обрави, суст ва нотавон шудани пилгон, рехтани мижаҳо ва шилпуқиро дафъ мекунад, чашмро тез ва қавӣ мегардонад. Агар инро дар мақъад бичаконанд, кафидани онро сиҳат мекунад.

Пӯсти морро дар шароб ҷӯшонида, он шаробро дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад ва агар ин шаробро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро сокин мекунад.

Пӯсти морро бо барги кавар дар об ҷӯшонида ва мумравғанеро, ки аз равғани зайтун ва муми занбӯри асал тайёр намуда, дар ҳамин об ҳал карда, ин таркибро дар даҳан бигардонанд, барои дард ва кафидани лаб ва мақъадро дору мешавад.

Пӯсти морро сӯхта, бо навшодир даромехта гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва песро дафъ мекунад ва дигар доғҳоро низ аз пӯст дур месозад.

Сӯхтаи пӯсти морро бо равғани зайтун ё бо шароб

пешина
аз 702
навбатӣ