Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

куҳнаеро, ки аз сардӣ бошад ва захмҳои узвҳои пешобро шифо мебахшад.
Каждуми сӯхтаро бо шилми олу ё бо тухми кӯфтаи гулихайрӣ ва ё бо шибит бихӯранд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, душвории шошадонро осон мекунад, ҳатто дар ин бобат назир надорад, кулинчҳо (колитҳо) гуногунро шифо мебахшад.
Каждуми калонро хушк сохта, ос карда, бо сирко сиришта бимоланд, доғи песро, ки нав бошад, дафъ мекунад; инчунин барои доғи сафеди пӯст ва доғи кунҷидак дору мешавад ва ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Чун каждумро дар равғани зайтун бисӯзонанд ва ба реши раддии бадфиоли бехнашаванда бимоланд ва аз болои он кӯфтаи каждуми сӯхтаро бипошанд, фоида мебахшад, инчунин он равғанро ба ҷои сар ва риш, ки мӯяш гирдак-гирдак рехта бошад, бимоланд, мӯй мерӯёнад. Ва агар ин равғанро бар бавосир пай дар пай бимоланд, донаашро меафтонад.
Каждуми зиндаро чок карда, ба ҷои каждумгазида барбанданд, заҳри онро ба худ мекашад. Ва агар кабоб ё бирёнкардаи онро бихӯранд, заҳри газидаи каждумро дафъ мекунад.
Агар дар охири моҳ, ки се-чор рӯз аз он монда бошад, як адад каждумро дар шиша андохта, бар болояш равғани зайтун рехта, даҳани шишаро маҳкам карда, чанд рӯз онро дар офтоб бигузоранд, то ки қуввати каждум ба равған бигузарад. Ин равғанро бимоланд, дарди пушт ва ирқуннасоро (радикулитҳо) шифо мебахшад, инчунин фаолро ба ибро меоварад ва донаи бавосирро меафтонад. Агар адади каждум зиёд бошад, миқдори равғанро дар таносуби ба як адад каждум 35 грамм равғани зайтун дар вақти ба офтоб гузоштан афзоянд ва чил рӯз дар офтоб гузоранд, баъд ин равған равғани каждум ҳисоб меёбад.
Агар ин равғанро аз рӯ бимоланд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Нақл кардаанд, ки занеро бача дар вақти ҳомилагӣ аз шикам меафтода бошад, каждуми мурдаи хушкро ба худ биёвезад, бачаи вай дигар намеафтад.
Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз хокистари каждум аз 1,75 то 4,5 грамм аст. Вале хӯрдани ин ба пӯст зарар дорад. Давояш тухми карафс хӯрдан ва ошомидани оби пиёз то 180 грамм мебошад.

пешина
аз 702
навбатӣ