Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Агар каждум касеро бигазад ва ҷои газидааш зарам кунад, сахт ва сурх гардад ва он каси каждумгазида ду ҳолати зидди ҳамдигарро ҳис кунад, ки гоҳ ҳунук хӯрад ва гоҳ гарм гардад, ғамгин шавад, дар изтироб ояд, сустӣ дар дили худ ҳис кунад, арақи хунук ояд, сустии бадан, ларза, беҷошавии ақл, паридани лабҳо, оруғ ва қайи сахт ҳодис гардад ва дар кай чизе часпак барояд, бод дар шикамаш пайдо гардад, дандонҳо бар ҳам афтанд, беҳушӣ содир шавад, рангаш бипарад, забонаш ғафс гардад, узвҳо сард ва суст гарданд, закараш варам кунад, мақъадаш (кӯтанаш) барояд — ин ҳам илоҷпазир намебошад. Хуллас, илоҷи он дарҳол, агар мумкин бошад, сахт бастани болои он мавзеъ, монандӣ моргазида ба амал оваранд; тухми зағир ва гӯгирдро кӯфта, бо равғани савсани сафед ё равғани савсани кӯҳӣ сиришта, ба он мавзеъ гузоранд; хояи сагобӣ, мурҷи дарозро бо сирко сиришта, ба он ҷо сахт бимоланд, бо оташ гармбандӣ кунанд, сир (чеснок) бихӯронанд ва низ сирко кӯфта банданд, ҷадвор бар он бимоланд ва аз истеъмоли давоҳои кушояндаи гиреҳҳо худдорӣ намоянд. Ва агар имконияташ бошад, он каждуми газидаро бигиранду кӯфта, ба ҷои газидааш банданд, заҳрашро дафъ мекунад. Оҳак ва барги тутро гирифта, бо равғани дунба саришта, ба ҷои захми он низ ва оҳаку равғанро ба ҷои газидан он бимоланд, дардаш сокин мегардад. Агар он равғанро бо асал даромехта, чун кӯдак аз модар зоида шавад, 1,75 грамм аз он ба комаш бимоланд, баъд аз он агар дар тамоми умраш ӯро каждум бигазад, дард намекунад.

Чирки гӯши хукро ба мавзеи каждумгазида бимоланд, дардаш сокин мешавад. Барги токро кӯфта, ба ҷои газидаи он гузоранд, дардашро таскин медиҳад.
Агар мағзи чормағз, анҷир, сири кӯфта бар захми он бимоланд, низ, судманд мебошад. Шамъчаи яхро дар мақъад бардоранд, дарди онро таскин медиҳад. Шиками мушро чок карда, гармогарм ба он ҷо гузошта банданд, тухми юнучқаро гузошта банданд; решаи кавар, талхшувок — ҳар дуро баробар гирифта, кӯфта, бо асал маъҷун сохта аз он 2 грамм бихӯронанд, фоида дорад.

Нақл аст, ки касе гирифтори фолиҷ гашта, ба хестан ва роҳ гаштан қодир набуд. Иттифоқан дар вақти

пешина
аз 702
навбатӣ