Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Гӯшти онро занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи онҳоро равон мекунад.
Аз хори он мор ва ҷонварони дигари заҳрнок мегурезанд, ҳатто ба он наздик намеоянд. Хорпушт ва чайра ба мор хусумат доранд, онро мекушанд. Бинобар ҳамин морҳо аз онҳо гурезон мебошанд.
Чун чайраро бисӯзонанд ва бо навшодир то ба ҳадде бикӯбанд, ки қариб ҳал гардад, баъд бо асали кафкгирифта сиришта, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтагии сар ва риш бимоланд, мӯй мерӯёнад ба зудӣ. Ҷоҳои ин қабил мӯйрехтаи сарро бо танакори арманӣ то сурх шуданаш бимоланд, баъд саргини чайраро бо равғани зайтун даромехта бимоланд, ба зудӣ мӯй мерӯсад.
Саргини сӯхтаи онро бо равғани мурд ё бо дигар равғанҳо даромехта, ба ҳар ҷои бадан, ки хоҳанд, бимоланд, мӯй мерӯёнад.
Пӯсти чайраро сӯхта, бо ҳардал (горчица) ва асали сурхи кафкгирифта сиришта, ба сар бимоланд, мӯйро дароз мекунад ва аз таркидану рехтан нигоҳ медорад, инчунин ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтагии сар ва риш батакрор бимоланд, мӯй мерӯёнад.
Сипурзи хушккардаи онро кӯфта, бо шароб биёшоманд, барои гудохташавии сипурз дору мебошад; чунончӣ, шахсе иллати шадиди сипурз дошт, сипурзи чайраро бирён карда бихӯрд ва баъди се соат арақи бисёр кард, дар дарунаш дарди сахт пайдо шуд ва баъди як соат пешоби бисёр карда ва зиёда аз се литр шошиду шифо ёфт.
Заҳраашро бароварда, бо сурмаи аълосифат ос кунанду онро ба чашм кашанд, гули чашмро ба зудӣ дафъ мекунад. Заҳраи хушккардаи онро чанд мартаба бимоланд, песи наеро дафъ мекунад; бо гӯгирд даромехта бимоланд, песи кӯҳнаро дафъ мекунад.
Заҳраи чайраро хушк карда, кӯфта, бо шароб хамир карда, курсҳо сохта, хушк намуда, вақти ҳоҷат бо сирко соида, ба бавосири кӯҳна бимоланд, онро сиҳат мебахшад ва ҳамон дам хунашро қатъ менамояд.
- Панирмоя
Ин меъдаи, яъне ширдони ҳайвоноти ширхора аст, ки наздик ба зоида шудан очаашро кушта ё баъди зоида шудан, ки ҳанӯз алаф нахӯрда бошад, аз шика

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё