Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан
  1. Мӯрча

Ин як намуди ҳашарот аст, дар ҳаҷм гуногун: калон, миёна ва реза мебошад, баъзеаш пар дорад ва парвоз карда метавонад. Навъи бузургаш баъзе почадарозу чаққон дар роҳгардӣ, ки ин навъашро мӯрчаи аспак меноманд.

Мизоҷи мӯрча дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хислати заҳрнокӣ дорад, хусусан навъи калони он. Табиб Маҳрӯрус гуфтааст: «Чун мӯрро дар равғани зайтун биҷӯшонанд ба он равғанро дар гӯш чаконанд, карӣ, чаранг ва бодҳои даруни гӯшро дафъ мекунанд».

Чун сад адад мӯрчаи калон-калонро дар 12,5 грамм равғани савсани сафед ё равғани савсани кӯҳӣ андохта, се ҳафта дар офтоб бигузоранд, баъд он равғанро ба закар ва атрофи он бимоланд, боғи касонеро, ки аз хислати мардии худ маҳрум гашта бошанд, бағоят аз нав ба ҳаракат меоварад, номардро тамоман мард мегардонад, олати мардиро сахт ва калон месозад.

Мӯрчаи калонро бо сирко соида бимоланд, ханозерро (ҳукгарданро) шифо мебахшад. Мӯйро канда, ба он ҷо мӯрчаро кӯфта бимоланд, дигар мӯй намебарояд ва ҳоҷат ба такрори молидан нест.

Баданро аз моддаи балғам бо давоҳои танқия пок карда, мӯрчаи сиёҳи калон-калонро кӯфта гузошта банданд, песро шифо мебахшад.

Тухми мӯрчаро бо ҳар як равған, ки бошад, даромехта бимоланд, мӯйро мерезонад ва дигар баромадани онро манъ мекунад гуфтаанд.

Вале мӯрча зарар ҳам дорад. Агар онро бихӯранд, рӯдаҳоро ба дард меоварад, ғамгин мекунад, бод ва қароқурро дар шикам ба амал меоварад. Давои ин зарараш асал ва зира хӯрдан аст.

Чун мӯрчаи даштӣ касеро бигазад, сӯзиш, хориши шадид ва варам ба ҳам мерасад. Давои ин молидани оҳани сӯҳонкарда бо сирко ва равғани талх аст.

Чун тухми онро бихӯранд, бодҳои шикамро ба тарафи поён чунон ба ҳаракат меоварад, ки нигоҳ доштани он ҳеҷ имкон надорад. Даво ва ислоҳи ин зираи сиёҳ хӯрдан аст.

Гуфтаанд, ки чун касе чизеро ба ягон ҷое гузорад ва хоҳад, ки ба он мӯрча нарасад, ҳангоми гузоштан

пешина
аз 702
навбатӣ