Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

инчунин майнаашро бо равғани кунҷиди тоза даромехта, дар бинӣ бирезанд, каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад.

Чашми онро бемори нисён (фаромӯшхотирӣ) ба худ овезад, дигар ҳеҷ чизро фаромӯш намекунад, ҳофизааш қавӣ мегардад; агар бемори махав ба худ овезад, иллаташ ҳарчанд кӯҳна шуда бошад ҳам, асар мекунад. Забонашро ба худ биёвезанд, бо онҳо мардум дӯстӣ пайдо мекунанд, ба ғаними худ зафар меёбанд. Нӯли поёни онро ба худ овезад ҳам, ҳамин хислатро дорад.

Устухони фуки поёни онро ба худ овезанд, забони бадгӯён нисбат ба он кас баста мегардад, душманон дӯст мегарданд.

Пӯпишаки куштаро ба дари хона биёвезанд, аз сеҳр, чашми бад ва саръи (припадкаи) кӯдакон эмин мегарданд.

Агар устухонашро ба худ овезанд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад.

Нохун ва парашро ба матои абрешими зард баста, дар зери сари душманон гузоранд, дар байни ҳар ду дӯстӣ пайдо магардад.

Парашро сӯхта, дудашро бигиранд, барои захмҳо, сеҳр ва девонагӣ дору мешавад, ҷонварони зарарнок, аз ҷумла мӯрча ва кайкҳо мегурезанд.

Мағзи сарашро дар макони кабутарон дуд кунанд, ҳеҷ як осеб ва зиён ба онҳо намемерасад.

Гӯшти пӯпишакро бихӯранд, сеҳрро дафъ мекунад ва гумонеро, ки пеши касеро бастаанд, бартараф ва ислоҳ менамояд.

Чун хуни онро хушк намуда, бо савсан даромехта ё бо равғани кунҷиди тоза даромехта, ба мӯй бимоланд, онро сиёҳ ва марғӯла мегардонад.

Чун дарозтарин пареро, ки аз парҳои боли он дар пӯст печонида, ба рони рост биёвезанд, дар вақти муҷомаат қувват мебахшад.

  1. Заргӯш

Маълум аст, ки ин ҳайвони даштӣ, ҷангалӣ ва кӯҳӣ мебошад.

Мизоҷаш гарм дар дараҷаи саввум ва тар дар дуввум аст.

пешина
аз 702
навбатӣ