Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро бо дам бистубрён карда, бо кӯфтаи дорчинӣ, мурч, кокутӣ, ҳардал (горчица) ва тухми шибити бо сирко туруш кардашуда бихӯранд, саръ (припадка), фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), нотавон шудани узвҳои бадан, каҷ шудани рӯй, паридани узв ва ларзакро шифо мебахшад, инчунин қарахтиро низ бартараф месозад. Низ дигар бемориҳои аз хунукӣ ба зуҳуромада, иллатҳои асабонӣ, дардҳои пайвандҳо, инчунин ҳангоми хоб ба ҷойгоҳ шошиданро барҳам медиҳад. Қайлаи он низ бемориҳои зикрёфтаро ба ибро меоварад.

Дар ширдони бачаи алафнӯрдаи ин ҷонвар панирмоя мавҷуд аст. Аз ҳамон панирмояи камакакеро ба кӯдак бихӯронанд, онро аз саръи тифлона эмин медорад ва дар вақти хоб тарсидани онро дафъ мекунад. Аммо ба кӯдак он вақт бихӯронанд, ки дар меъдааш шир набошад. Вале агар шири хӯрдааш ҳазм гашта, аз меъда ҳанӯз поён нафуромада бошад, он ширро шах мегардонад ва боиси бемориҳои дигар мешавад.

Агар занҳо баъди пок шудан аз ҳайз пас аз се рӯз 2,5 грамм панирмояи онро бихӯранд, ҳомила шудани онҳоро маҳв мекунад ва агар 9 грамми онро бихӯранд, аз бачадон бисёр рафтани рутубатро ислоҳ мекунад.

Камтар аз як грамм панирмояи онро бо шароб бихӯранд, таби дурӯз дармиёнро шифо мебахшад. 3,5 граммашро бо оби нахӯд бихӯранд, хуни дар хиҷак шахшударо, ки боиси банд шудани пешоб гашта бошад, тит ва ҳал мекунад.

Аз 0,2 грамм то 2,5 грамм панирмояи онро бо сиркои ангурӣ бихӯранд, саръро дафъ мекунад ва шири дар меъда шахшударо таҳлил медиҳад; мори афъӣ газида бошад, таъсири заҳри онро мешиканад, инчунин чӣ навле, ки заҳри котил хӯрда бошанд, бар зидди онҳо тарйёк мегардад. Агар ин миқдор панирмояи онро ҳангоми сайд кардан гармогарм бо равғани зайтун даромехта фурӯ баранд, ба касоне, ки хобида нафас гирифта наметавонанд ё дар вақти ҳаракат нафас мезада бошанд ва нафасашон ба онон ёрӣ намешавад, шифо мебахшад.

Агар касе талхаашро бинӯшад, хоб ба дараҷае ғалаба мекунад, ки то сирко нахӯронанд ё онро дар биниаш накашонанд, бедор намегардад.

Чун хояи заргӯшро хушк карда, бо намаксанг ва

пешина
аз 702
навбатӣ