Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
майхуш бихӯранд, зарари онро ислоҳ месозад. Инчунин гӯшти заргӯшро дар бухори оби гарм бо шибит пухта, бо равған бихӯранд, зарари онро бартараф мегардонад.
Барои дардҳои пайвандҳои бадан ҳеҷ чиз монандӣ гӯшти заргӯш даво нест. Дар ин бобат ба ин гӯшт фақат гӯшти охубарра метавонад рақобат кунад.
Чун маҷмӯи заргӯшро, яъне ҳамаи ҳастии заргӯшро бо бутуниаш дар зарфе бисӯзонанд ва аз он 15 грамм бихӯранд, санги гурдаро майда карда мерезонад.
Аз заргӯш чизҳои дарунашро гирифта, дур сохта, монандӣ дар боло гуфташуда бисӯзонандҷу бо равғани гулисурҳ сиришта, ба ҳар ҷои бадан, ки бимоланд, мӯй мерӯёнад.
- Инсон
Дар таркиби бадани он чизҳои фоидабахш ва зарарнок бисёранд. Беҳтарини инсон барои истифодаи қисмҳои бадани он ҷавони тандуруст, пайкараш хушрехта ва сокини маҳалли иқлимаш мӯътадил бошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар чирки гӯшашро бихӯранд, дарунро пурбод ва касро беҳуш мекунад. Агар онро ос карда гузошта банданд, дарди нимсарро шифо мебахшад; оскардаи онро чун сурма ба чашм кашанд, дарди чашм ва гули ба он афтодаро дафъ мекунад.
Хӯрдани устухонаш бемориҳои хатарнокро ба зуҳур меоварад, аз ҷумла, агар бардавом бихӯранд, кӯр мекунад. Пӯсидани онро кӯфта, ба решҳои хӯранда бипошанд, сиҳат мебахшад, хусусан устухони каллааш дар ин бобат қавитар аст. Агар онро сӯхта, ҳар рӯз 4,5 грамм бо 4,5 грамм шакар то се рӯз бихӯранд, барои бемориҳои саръ (припадка) ва ирқуннасо (радикулит) даво мешавад.
Оби даҳани каси дили наҳордоштаро дар гӯш чаконанд, кирми гӯшро мекушад ва ҳавоеро, ки дар даруни он банд шуда бошад, пароканда менамояд. Агар ба ҷои газидаи каждум ва ғунда бимоланд, заҳри онҳоро дафъ мекунад; ва агар онро бимоланд, шукуфаҳои пӯст, доғҳои кунҷидак, доғҳои захм ва решҳо, нуқтаҳои сурхи хунинро дар чашм ва гули чашмро дафъ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё