Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

гули испарак намаксуд намуда, як грамми онро дар бинӣ бирезанд, каҷ шудани рӯйро нафъ дорад.
Сарини онро занҳо аз таг бардоранду муҷомаат намоянд, зуд ҳомила хоҳанд гашт.
Майнаашро бирӯён карда бихӯранд, иллати ларзакро дафъ мекунад. Агар инро ба милки тифлон бимоланд, зуд онҳо дандон мебароранд. Агар бо сирко ва равғани зайтун сиришта, ҳар кас бар бадани худ бимолад, аз он шахс ҷонварони газанда мегурезанд ва наздикаш намеоянд. Агар ҳар рӯз то ҳафт рӯз майнаашро ба миқдори ду донаи ҷав бо шири навдӯшида бихӯрад, мӯяш сафед намегардад.
Хокистари мағзи сари онро бо равғани хирс, шаҳдоб (асалоб) ва оби пиёзи ансул даромехта бимоланд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Майнаашро дар об ҷӯш дода, дар он об даромада нишинанд, барои иллати никрис (подагра), инчунин ба дарди буғумҳо дору мебошад.
Хокистари устухони онро гузошта банданд, иллати ханозерро (ҳукгардонро) ба ибро меоварад.
Саргинашро аз 1,5 то 3,5 грамм бихӯранд, иллати дар вақти хоб ба ҷоғаҳ шошиданро шифо мебахшад.
Пешобашро дар чашм чаконанд, чашмро тез мекунад.
Хунашро гармогарм бимоланд, доғҳои кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, инчунин решҳои сарро, ки аз онҳо рутубати сафеди монандӣ шир тар-овиш мекарда бошад, шифо мебахшад. Агар онро бирён карда бихӯранд, захми рӯдаҳоро ислоҳ мекунад ва даруни рафтаистодаро мебандад.
Хунашро дар латтае бигиранду баъд хушк намуда, нигоҳ доранд ва вақти ҳоҷат камеро аз он дар шири модари тифл, ки иллати саръ дошта бошад, ҳал карда биҳӯранд, кӯдак аз саръ наҷот меёбад.
Равганашро ба сар бимоланд, таркидан ва рехтани мӯйро манъ мекунад. Агар инро бихӯранд, бавосирро қатъ мекунад ва инчунин ба бадани он кас хунукӣ таъсир нахоҳад кард.
Мӯяшро сӯхта, ос карда бипошанд, хуни равоншударо аз ҳар узв, ки бошад, манъ мекунад.
Бинобар он, ки маҳсулоти заргӯш дар мизоҷ гарм аст, истеъмолаш барои одамони гармизоҷ зарарнок мебошад. Агар зарар кунад, коснӣ, сирко ва анори

пешина
аз 702
навбатӣ