Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

овоз, сӯзиши рӯдаҳо ва дардҳои онҳо ва дигар дардҳоеро, ки дар рагҳои борики бадан пайдо шуда бошанд — ҳамаашро дафъ мекунад. Инчунин молидани он ва бо гудохтаи он дар равғанҳо ҳуқна (клизма) кардан барои бемориҳои мазкур фоидабахш аст.

Тухми он ғализ, дерҳазм ва ҳамчун ғизо заифтар аз тухми мурғ аст. Аммо барои ислоҳи лоғарии бадан, сурфа ва дарди узвҳои даруни сина давои хубест; агар инро бо кӯфтаи каҳрабо сиришта биҳӯранд, рафтани хунро аз дарун ва рафтани дарунро умуман манъ мекунад. Бирён кардани инро бо судоб ва равғани зайтун даромехта, ба кӯдак биҳӯронанд, зуд ба забон меояд, яъне ба зудӣ забонаш бармеояд.

Пӯсти тухмашро бо марворид, шакар ва навшодир монандӣ гард ос карда, ба чашм бипошанд, барои дур кардани гули чашм хуб таъсир мебахшад.

Сангдони он дерҳазм ва аз бадбӯ шудан дур аст, вале агар ҳазм ёбад, меъда ва дигар узвҳои дарунро қувват мебахшад.

Хокистари паруболи онро гузошта банданд, ханозерро (хукгарданро) таҳлил медиҳад.

Мизоҷи саргинаш бисёр гарм аст ва барои дафъ кардани доғҳои кунҷидак ва ханозер даво мебошад.

Гӯшти мурғобӣ дерҳазм аст, дар одамони фишори хунашон баланд дарди сар меоварад. Агар онро бо сирко, занҷабил, сиканҷабин ва давоҳои гарми монандӣ судоб, карафс ва пудина пухта биҳӯранд, форам мешавад. Ва агар бирён кардани бошанд, дар миёни он пиёз ва дигар давоҳои номбурда ҷо кунанду бо равғани зайтун ва дигар равғанҳо сиришта созанд, хуб аст. Ва агар аз он шӯрбо тайёр кардани бошанд, дар даруни он кашниз, карафс, судоб, пиёз ва як-ду дона сири хушк гузоранду бо нахӯд, гандано ва дорчинӣ бипазанд, хуш аст. Ба ҳар ҳол агар хуб ва муҳарро пухта шавад, бӯи ботлоку лой аз он дур мегардад.

Равғани мурғобӣ барои дардҳои буғумҳо фоида дорад.

Азбаски гӯшти ин мурғ бӯи нохуш дорад, баъди куштан бо пару болҳояш ду-се соат дар замин гӯр кунанд ва баъд бароварда аз пару бол ва дигар чизҳои нодарҷораш пок намоянд, пас гӯшташро ду-се чӯш дода, он обро рехта партоянду андак пиёзро варак-варак реза карда дохил намоянд ва бо хӯришҳои дигар ва ғайра бипазанд, мувофиқи табъ мегардад.

пешина
аз 702
навбатӣ