Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

зайтун гудохта, бо он ҳуқна (клизма) кунанд, барои харошида шудани рӯдаҳо бағоят фоида дорад.

Инро бо равғани бунафша даромехта бимоланд, дағалии узвҳои даруни сина ва дигар дағалиҳои баданро дафъ месозад, варамҳоро мепазонад, барои хориш ва кӯтур дору мешавад ва даҳони захмҳоро васеъ карда, барои хориҷ шудани чирк ва рими онҳо шароит пайдо менамояд; захми тири заҳрнокро дафъ мекунад.

Мумравганро, ки бо равғани савсан ё савсани сафед тайёр карда шуда бошад, ба рухсора бимоланд, ранги рӯйро сурх ва соф мегардонад, доғҳои кунҷидакро дафъ месозад, асабҳои сахтгаштаро мулоим мекунад. Агар ин мумравганро аз муми зард ё сурх бо равғани савсан ё равғани гулисурх тартиб дода, се ҳафта дар офтоб гузошта, баъд бимоланд, варамҳои паси гӯш ва гардани онро таҳлил медиҳад ва моддаҳои ба он варамҳо рехташавандаро манъ мекунад.

Муми занбӯри асалро ба таври варақ сохта, бар пистони занҳо гузошта банданд, шах шудани ширро дар он манъ мекунад ва агар ба асабҳои шахшуда ва варамҳо гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад ва мулоим мегардонад.

Ин мумро реза-реза карда, бо кӯфтаи зардчӯба даромехта, дар халтача андохта, бо равғани кунҷиду гарм карда, бо он гармбандӣ намоянд, варам ва бодҳоро таҳлил ва дардҳоро таскин медиҳад.

Вале хӯрдани ин мум иштиҳоро мебандад ва дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад. Давои ин зарарҳояш нон хӯрдан ё бо нон хӯрдан аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз то 1,75 грамм аст. Ба ҷои муми занбӯри асал орди боқилоро бихӯранд, раво мебошад.

Агар хонаи занбӯри асалро сӯхта, ба зарфе бимоланд ва он зарфро дар оби баҳр ё оби талх бигузоранд, оби ширинро ба худ мекашад.

Барои дору муми занбӯри асалро сафед карда, баъд истеъмол менамоянд. Тарзи сафед кардани ин мум чунин аст, ки мумро гудохта, дар оби хунук андозанд ва чирки онро, ки дар зери он об ҷамъ мегардад, ҷудо кунанд ва ҳамин амалро такрор намоянд, хуб аст. Баъд онро дар деги сафоли нав гузошта, аз болояш оби дарёи шӯр ба он рехта (агар оби дарёи шӯр муҳайё набуда, намакоб рехта), андак

пешина
аз 702
навбатӣ