Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

танакори арманӣ дар он дохил карда, то гудохта шудан дар оташ гузоранду баъд, аз оташ фуруд оварда, деги сафолини дигари хурдтареро, таги онро тар карда, дар он деги калон фурӯ баранд, то ки мум бар он бичаспад. Баъд ин дегчаи сафолинро аз он бардоранд ва сонӣ баъд аз хунук шудани он мумро ҷудо карда бигиранд. Ҳамин тавр он дегчаро боз дар он деги калон фурӯ баранд ва ҳамин амалро чанд мартаба такрор намуда, мумро ҷудо намоянд. Баъд мумҳоро курс сохта, ба ришта кашида, чанд рӯз дар офтоб биёвезанд ва ба он дафъа ба дафъа оби хунук бипошанд ва чанд шаб ба моҳтоб овезанд, то он ки мум сафед шавад. Сонӣ ин муми сафедро барои бемориҳои дар боло номбаршуда ҳамчун даво ба кор баранд.
Амали дигари сафед кардани ин мум чунин аст.
Мумро дар зарфе андохта, оби ҷӯшон ба он бирезанду муттасил биҷӯшонанд, то ки мум сафед гардад.

  1. Панир

Панир дар вақташ ин тавр тайёр карда мешуд. Ба шир панирмоя мезаданд, баъд он монандӣ ҷӯғрот ғафс мегардад. Сонӣ онро намак зада, дар халтачаҳои мағлуб андохта, даҳани онҳоро маҳкам баста, зери санг ё чизи дигари вазнин муддате мегузоранд. Дар натиҷаи фишор хӯрдан обияти он ҷудо шуда, сахт ва панир мешавад. Агар намакин кардан хоҳанд, боз аз болояш намак зада, таъмашро шӯр сохта, баъд барои истеъмол тайёр мекарданд.
Мизоҷи панири нав тайёр кардашуда дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани панир меъда, рӯдаҳо ва гурдаҳоро қувват мебахшад (модоме ки гурда қавӣ бошад, дар он санг пайдо намешавад), дарунро мулоим месозад; агарчӣ панир дерҳазм ҳам, ки бошад, дар бадан моддаҳои солим пайдо мекунад ва баъд аз ҳазм ёфтан зуд ба узвҳои бадан мегузарад.
Агар панирро бо мағзи чормағз ва гиёҳи кокутӣ даромехта бихӯранд, баданро бағоят фарбеҳ мегардонад, пӯстро мулоим мекунад.
Панирро пухта, баъд кабоб карда бихӯранд, исҳоли сафровиро манъ мекунад.
Панирро варақ карда, ба чашм гузошта банданд,

пешина
аз 702
навбатӣ