Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

шакар бихӯранд, боҳи (пушти камари) одамони сард-мизоҷро қувват мебахшад, вале агар бо сиканҷабин (сиркоасал) бихӯранд, барои пуркувват кардани боҳи одамони гарммизоҷ дармон мегардад. Миқдори як бор хӯрдан аз мағзи чигит дар як рӯз то 23 грамм аст.

Равғани чигитро бимоланд, доғҳои кунҷидакро дафъ мекунад ва ҷароҳатҳоеро, ки дар рухсора пайдо шуда бошанд, шифо мебахшад.

Оби баргҳои тару тозаашро бо воситаи кӯфтан ситонида, аз он об чанд бор 75-граммӣ (хусусан бо шарбати себ) бинӯшанд, рафтани даруни кӯдакон ва ғайри кӯдаконро мебандад.

Барғашро кӯфта, бо равғани гулисурх сиришта гузошта банданд, никрис (дард ва варами ангуштони дасту поҳо) ва дардҳои дигари луққосанандаи доимиро шифо мебахшад, ки дар ин бобат давои бемисл аст. Агар барги пахтаро бо барги ҷилмангӯштак (семизут) якҷо кӯфта гузошта банданд, дарди буғумҳоро, ки хоҳ аз гармӣ ва хоҳ аз хунукӣ бошад, даво мешавад.

Баргҳои майдатар ва андак решааш — ҳар дуро дар об ҷӯшонида, дар он об занҳо то ноф даромада нишинанд, бӯғмаи бачадонро, ки дафъа-дафъа беҳушӣ меоварад, шифо мебахшад ва дарди ин узвро таскин медиҳад.

Баргҳои онро дар соя хушк карда, кӯфта бипошанд, хуни ҷароҳатро, ки аз буридани теғ, расидани тир ва ғайра равон бошад, манъ мекунад.

Ҳар як қисми дарахт ва самари пахтаро кӯфта гузошта банданд, меъдаро қувват мебахшад, хуни дар узвҳои бадан шахшударо таҳлил медиҳад ва онро ба рӯи пӯст мекашад.

Агар як сари шохи пахтаро дар гӯш гузоранд ва сари беруни онро бисӯзонанд, оби ба даруни гӯш рафтаро, ки берун оварданаш душвор гашта бошад, ба худ мекашад.

  1. Анзарут

Ин шилми буттаи хорнокест, қаддаш то 1,5–2 метр мехезад, дар сарзаминҳои Форс, Хуросон ва Осиёи Миёна мерӯяд. Ранги ин шилм сурх ва сафеди моил ба зардист. Беҳтарини он ранги сафеди зардтобаш

пешина
аз 702
навбатӣ