Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

аст, ки зудшикан ва дар таъм талхи андак ширинӣ дошта бошад.

Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва дар аввали ҳамон дараҷа хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: ин хушккунанда бидуни дард аст ва беҳтарин давои бо исҳол дафъкунандаи балғами шахшӯл ва сафроро ҳамоно дафъ мекунад; бодҳои ғализро таҳлил медиҳад, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, бачаи занони ҳомиларо аз шикам меафтонад, кирми меъда ва рӯдаҳоро мерезонад; барои иллатҳои пайвандҳо, дарди сурин ва ирқуланнисо (радикулит) дору мешавад; балғами ғафсро аз ҷоҳои дур ва чуқурии бадан мекашад, хусусан бо турбуд ва ҳалила бихӯранд, ин навъ таъсираш қавӣ мегардад. Барои фарбеҳ кардани баданҳои лоғар чун 17,5 грамми онро бо 0,6 грамм санги даруни заҳрадони гов ва 35 грамм норгул ҳамроҳ карда, чор ҳисса сохта, ҳар рӯз як ҳиссаи онро баъд аз ҳаммом кардан ва баъди хӯрдани зардаи тухми мурғи нимпухта биёшоманд, бисёр пуртаъсир аст, бо як аҷобат фарбеҳ месозад.

Ҳаким Бағдодӣ гуфтааст, ки занони Миср анзарутро дар оби тарбуз ним рӯз тар карда, барои фарбеҳ шудан то 35 грамми онро мехӯранд.

Мегӯянд, ки 17,5 грамми анзарутро соида бихӯранд, масомҳоро банд карда ва ба узвҳои даруни шикам часпида мекушояд.

Ислоҳкунандаи зарари ин шилми бодомҳо ва равғани бодоми ширин аст.

Ҳар гоҳ худи анзарутро батанҳои истеъмол карданӣ шаванд, бояд ки даҳ баробари он равғани бодоми ширин ҳамроҳ намоянд.

Миқдори як бор хӯрданд аз анзарут дар як рӯз аз 2,25 то 9 грамм аст, вале агар бо давоҳои дигари ислоҳовар ошомидан хоҳанд, 4,5 граммаш кифоя аст.

Ба ҷои анзарут ба ҳамон вазн сабир (алоэ)-ро истеъмол фармоянд, равост.

Аммо истеъмоли он аз берун барои беҳ шудани ҷароҳат, рӯёнидани гӯшти солим ва хӯронидани гӯшти ҳароми реш ва ягон узви дигар, пок сохтани рим аз захмҳо, хуни равони ягон ҷоро манъ гардонидан, дафъ кардани доғҳои нағзак даво мебошад; бо натрун (танакори арманӣ, яъне танакори сурх) якҷо карда гузошта банданд, ханозерро (ҳукгарданро) таҳлил медиҳад. Ва агар инро бо асал сиришта, фатилай борикро

пешина
аз 702
навбатӣ