Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
(ёраки) тифл ҳангоми зоидани занҳо аз шиками ҳомила даво мешавад; бачаро дар шиками ҳомила мекушад ва берун меоварад.
Ҳар рӯз 18 грамм тухми онро бо оби гарм, набот ва равғани кунҷид биёшоманд, кулинҷро ба зудӣ дафъ мекунад.
Тухми индовро кӯфта, бо асал сиришта лесида бихӯранд, иллатҳои дамкӯтаҳӣ, сурфа ва дарди паҳлуро, ки аз ҷамъ шудани моддаи ғализ (ғафс) ба амал омада бошад, шифо мебахшад; агар инро бо зарраи тухми мурғи нимпухта ва асал даромехта бихӯранд, барои дарди узвҳои даруни сина, даридан ва чок шудани мушакҳо даво мешавад; инчунин моддаҳоеро, ки аз зарба расидан ба даруни сина рехта бошанд, пок месозад, яъне дафъ мекунад; бо тухми мурғи нимпухта бихӯранд, боҳро бағоят қувват мебахшад, ҳоли бади даруни синаро ба ислоҳ меоварад ва узвҳои шикастаро пайваст мегардонад. Агар ҳар рӯз 7 грамми тухми индовро бо шири буз то даҳ рӯз биёшоманд, ба шарте, ки ғизоро бағоят кам хӯранд, доғи песро аз пӯсти бадан дафъ мекунад.
Тухми индовро дар зарфе то бӯяш баромадан битафсонанд, баъд бихӯранд, исҳоли балғамӣ ва харошида шудани рӯдаҳоро бо ибро меоварад.
Вале хӯрдани тухми индови зироатӣ ба гурда зарар дорад. Дар ин мавриди шакар, набот ва бодиринг бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз тухми индови зироатӣ то 15 грамм аст.
Агар ин тухми индовро кӯфта, бо асал хамир карда гузошта банданд, варами сипурзро ба зудӣ таҳлил медиҳад; решҳои рутубаташон асалмонанди сар, шукуфаи пӯст, кӯтури решташта ва газидани ҷонварони захнокро даво мешавад; намегузорад, ки мӯй бирезад; дардҳои сар ва суринро дафъ мекунад.
Тухми онро кӯфта, бо орди ҷав даромехта, бо сирко хамир сохта гузошта банданд, иркуннасо (радикулит), варамҳои гарм ва сӯхтагии оташро ба ибро меоварад; бо об ва намак хамир карда гузошта банданд, пучакҳоро мепазонад.
Барғашро кӯфта муттасил гузошта банданд ҳам, пучакҳоро мепазонад, вале ин назар ба андозаи тухмаш заифтар аст. Шустани сар бо оби барги он чирк ва рутубати часпаки сарро дафъ мекунад, инчунин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё