Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
рехтани мӯйро манъ менамояд. Агар онро бимоланд, доғи сафеди пӯст ва песро нафъ дорад. Кӯфтаи барги онро бо хуни фароштурук сиришта бимоланд, доғи сафеди пӯст ва дигар доғҳоро нест мегардонад; бо асал хамир карда бимоланд, нуқтаҳои сафедро аз пӯсти бадан дафъ менамояд; бо собун хамир карда бимоланд, низ нуқтаҳои сафедро аз пӯст пок мекунад; бо зифт (қатрон) сиришта бимоланд, дарди сари кӯҳнаро шифо мебахшад; бо кӯфтаи барги ғор сиришта бимоланд, дарди қисмҳои поёни бадан ва дарди камарро ба ибро меоварад, дубайларо мекафонад. Агар инро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро сиҳат мебахшад, дарди суринро таскин медиҳад, исҳолро мебандад, сустии мақъадро дафъ месозад. Инро сӯхта, ба дудаш бавосирро бидоранд, нафъ дорад. Аз дуди ин ҷонварони зарарнок мегурезанд.
- Сабзӣ
Инро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон зардак ҳам меноманд. Ин қисми зеризаминии растанӣ буда, бӯстонӣ, ки зироатӣ ва саҳроӣ, ки ғайрикорам аст, мерӯяд.
Мо ин ҷо дар навбати аввал дар хусуси сабзии бӯстонӣ сухан меронем. Беҳтарини он сурх ва ширини он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар ҳамон дараҷа тар аст. Ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи якум гарм ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани сабзии бӯстонӣ мулоимкунандаи узвҳои дохилӣ мебошад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, меъдаро қувват медиҳад, дарунро мулоим мекунад, боҳ (пушти камар)-ро қавӣ мегардонад, моддаи маниро зиёда месозад; барои кандани балғам, дафъи сурфа, дарди узвҳои даруни сина, меъда ва ҷигар даво мешавад, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, пешобро меронад.
Сабзиро ба ҳар тариқ, ки бихӯранд, барои варами пардаҳои даруни сина, сурфаи кӯҳна шифо мебахшад.
Агарчи хомаш душворҳазм аст, вале аз он мураббо тайёр карда бихӯранд, зудҳазм мегардад ва барои иллати истиско (водянка) фоидабахш аст; дарди рӯдаҳоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё