Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

аст, барои боҳи одамони гарммизоҷ зарар дорад. Дар ин ҳолат силми мисвокро бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд, ба ҳичак ҳам зиён дорад, дар ин маврид мустақо хӯрдан даркор аст.

Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз тухми сабзии саҳроӣ 3,5 грамм аст ва агар эҳтиёҷ афтад, то 7 грамм ошомидан мумкин аст.

  1. Чормағз

Ин самари дарахтест, ки маълум мебошад.

Мизоҷи самари чормағзи тар, ки расида бошад, гармӣ ва хушкиаш камтар аст. Баъди хушк шудан гармӣ ва хушкиаш зиёда мегардад ва рутубаташ мекоҳад. Мизоҷи чормағзи хушк дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрданаш ғизои бисёр сабук аст, дарунро мулоим мекунад, ахлоти ғализро таҳлил медиҳад, қуввати боҳ мебахшад, бидуни ҳазм дафъ шудани ғизоро дар меъда ислоҳ менамояд ва манъ месозад; узвҳои раисаро, ки иборат аз дил, майна, ҷигар, меъда, хояҳо ва гурда мебошанд, қавӣ мегардонад; ҳамаи панҷ ҳисси ботиниро, ки марказаш дар майна аст, қувват мебахшад, хусусан бо мавизи бедона ва анҷири зард бихӯранд, ин феълаш бештар зоҳир мегардад, пиронро бисёр форам ва мувофиқ аст.

Мағзи чормағзро бо анҷир якҷо кӯфта, аз он 45 грамм бихӯранд, даруни сахтгаштаро мулоим мекунад.

Агар худашро танҳо ба дили наҳор бихӯранд, кайро осон мекунад. Чормағзро бо пӯсташ бирёнда, баъд мағзашро бихӯранд, барои сурфа, ки аз ҳавои хунук ба ҳам расида бошад, даво мегардад.

Чормағзро бо анҷир ва судоб бихӯранд, газанди заҳрҳоро мешиканад, хоҳ пеш аз заҳролуд шудан бихӯранд ва хоҳ баъд аз он.

Мағзи чормағзро бихӯранд, дарди рӯдаҳоро сокин мекунад ва захми рӯдаҳоро шифо мебахшад.

Мағзи чормағзро махин кӯфта, муттасил ба чашм гузошта банданд, барои ҷӯшиши хоришнок, шилпукӣ ва обиравии чашм даво мешавад.

Чормағзро сӯхта, мағзи онро кӯфта, занҳо аз тағ бардоранд, ҳайзи бечоравандаи онҳоро манъ мекунад. Агар онро бо асал, намак ва пиёз сиришта гузошта банданд, газидани саги девонаро нафъ дорад.

пешина
аз 702
навбатӣ