Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

шалғам гирифта, як турбро дарунқовок намуда, он тухмҳоро дар ковоки он пур кунанду сӯрохашро бо порчаи турб маҳкам карда ва баъд дар зери оташ бипазанд, сонии он тухмҳоро бароварда бихӯранд, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, барои занони ба душворӣ ҳомилашаванда бисёр фоидабахш аст.

3,5 грамм тухми сабзиро кӯфта, бо 3,5 грамм шакар бихӯранд, барои дарди соки по дармон мешавад.

Тухм ва барги сабзиро бо ҳам кӯфта, ба решҳои хӯранда гузошта банданд, шифо мебахшад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми сабзӣ то 7 грамм аст. Ба ҷои ин тухми сабзии саҳроиро истеъмол намоянд, равост.

Сабзии саҳрӣ

Бехрешаи ин дар ғафсӣ ба андозаи ангушти даст ва бориктор аз он низ мебошад.

Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани тухми сабзии саҳрӣ дар ҳама бобат қавитар аз сабзии бӯстонӣ мебошад, барои сурфаи кӯҳна дору мешавад, ахлоти нодаркорро аз узвҳои даруни сина дафъ менамояд; узвҳои ҳозима (меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз) ва боҳро қавӣ мегардонад, маниро зиёда месозад, бодҳоро таҳлил медиҳад, моддаҳои ғализи балғамиро пароканда мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд, пешобро меронад, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад; ҳайзи бандшударо равон ва бачадонро пок месозад, инчунин барои ҳомила шудан кӯмак мерасонад, душвор зоидандро осон мекунад, буғумҳои сустро мустаҳкам ва дарди онҳоро дафъ мекунад, дарди рӯдаҳоро барҳам медиҳад, харошида шудани рӯдаҳои кӯдаконро ба ибро меоварад; ба истисқои бодӣ, ки ҳангоми бо даст бар шикам задан садои табл шунида мешавад, шифо мебахшад, газидани каждум ва дигар ҷонварони заҳрнокро дармон мешавад.

Агар тухми сабзии саҳроиро кӯфта, гузошта банданд, варамҳои нармро таҳлил медиҳад. Тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро ба ҷои каждумгазида бирезанд, нафъ дорад.

Вале хӯрдани ин бинобар он, ки мизоҷаш гарм

пешина
аз 702
навбатӣ