Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бикубанд ва бар он рими оҳанро ос карда бипошанду ҳар рӯз барҳам зананд, яъне бикованд — ин барои мӯйро сиёҳ кардан ранги некӯ ва бардавом мегардад. Инчунин чун бо рими оҳани кӯфтагӣ ва сирко биҷӯшонанд, баъд то як ҳафта дар офтоб гузоранд, ҳар рӯз барҳам мезада бошанд, пас мӯйро ранг кунанд — ин қавитар аст аз аввала.

Пӯсти сабзи самари чормағзро ба шукуфаҳои пӯст ва сабусаки сар бимоланд, фоида мекунад. Агар инро ба дандон бимоланд, милки дандонҳоро сахт ва худи дандонҳоро мустаҳкам мегардонад.

Пӯсти тари решаи чормағзро ҳар панҷ рӯз як мартаба ба дандон бимоланд, мағзи сарро аз моддаҳои бегона пок месозад ва ниёнро (фаромӯшхотириро) дафъ мекунад.

Оби баргашро нимгарм дар гӯш чаконанд, онро аз чирк пок мекунад.

Оби пӯчоки сабз ва тару тозаи чормағзро дар зарфе бо асал якҷо то ғафс шудан ҷӯшонида, баъд бимоланд, барои дарди шадиди гулӯ, ки аз ҷамъ шудани хун дар он ҷо ҳодис шуда бошад, ҷӯшиши (пухтани) даҳон, хунравии бехи дандон ва сустии дандонҳо дору мебошад — дар ин хислат давои бемисл аст.

Пӯсти сабз ва тару тозаи самари чормағзро бо ҳамвазни он барги ҳино кӯфта бимоланд, назлаҳои аз сар фурояндаро манъ мекунад; дарди сари кӯҳна, дарди нимсар, фолич ва дигар дардҳо аз сардӣ ҳодисшавандаро, монанда никрис (подагра) ва ғайраро шифо мебахшад.

Пӯстлохи хушки дарахти чормағзро бо суҳон тароша карда, баъд онро бо сирко хамир сохта бимоланд, пӯйро сурх мегардонад; бо зифт (қатрон) хамир карда, ба ҳар узв, ки бимоланд, онро қави мекунад. Агар ин тарошаи суҳониро чанд рӯз дар равғани зайтун тар карда, баъд бар бадан бимоланд, намегузорад, ки дар бадан шапуш пайдо гардад ва агар инро бихӯранд, барои иллатҳои сипурз дармон мешавад.

Дар фасли хазонрези мозуро дар равғани зайтун то сиёҳ шудан биҷӯшонанд, баъд соф намуда, дар шишае рехта, бехи дарахти чормагзро кушода, решаеро аз он бароварда, сарашро бурида партофта, нуги он решаро ба даруни шиша дароранд ба ҳадде, ки дар равған бошаду ба таги шиша нарасад. Сонӣ атрофи даҳони онро хуб маҳкам кунанду аз нав хокпуш намоянд.

пешина
аз 702
навбатӣ