Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Ҳамон тавр гузоранд то замоне, ки он дарахт бо самар ояд. Пас шишаро аз он ҷо бароваранд, дар он шиша чизе сиёҳ, монанди сиёҳии хаттотӣ хоҳад буд. Он ранги бисёр неку аст ва муддатҳои дароз асари он боқӣ мемонад. Инро ихтиёҷи ба мӯй молидан нест, балки фақат шонаро дар он тар сохта, бар мӯй кашидан кофӣ мебошад, ки мӯйро сиёҳ гардонад.
Ин аз асрори тибби қадим аст. Ин рангро пеш аз баромадани мӯй дар ҳаммом бар ҳар ду хояҳо бимоланд, монеи рӯидани мӯй сафед мегардад.

Мувофиқи баъзе қавлҳо агар дар сояи дарахти чормағз бихобанд, баданро лоғар мегардонад ва девонаи хуш бойдода дар зери дарахти он бихобад, ҳушёр мешавад.

Чунин хоҳанд, ки мағзи чормағзро аз пӯсти нафиси он мағз ҷудо намоянд, дар орд андохта, дар зарфе андак биръён кунанду баъд бо даст бимоланд, пӯсти он ҷудо мегардад. Равғани аз ин гуна мағз гирифташуда дар хислат монандӣ мағзи кӯҳнаи он аст. Агар аз равғани ин ҳар рӯз 10,5 грамм то як ҳафта биёшоманд, дарди суринро дафъ мекунад. Ин равған барои одамони сардмизоҷ ва бемориҳои аз хунукӣ пайдошуда фоида мебахшад. Ин равғанро бимоланд, барои решҳои хӯранда, носурҳои чашм, мулоим кардани асабҳо, таскин додани дардҳои аз хунукӣ ба амаломада, дафъ гардонидани шукуфаи пӯст ва рӯёнидани мӯй ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш даво мебошад. Агар инро дар бинӣ бирезанд, каҷ шудани рӯй, фалаҷ ва ҷингак шудани узвҳоро нафъ дорад.

  1. Ҷавзи бавво

Калимаи «ҷавзи бӯё»-и тоҷикӣ дар таъсири забони арабӣ монда, «ҷавзи бавво» гаштааст, инро ба русӣ мускатный орех меноманд.

Ин самари пӯстдори дарахти азимест. Баъди расидан ҷавзашро ҷудо карда мегиранд ва аз маконаш, ки мамлакатҳои гарм аст, ба ҷойҳои дигар мебаранд.
Миқдори ин ба бузургӣ баробари олуча, вале сахти хушбӯ, тундтаъм мебошад, дар рӯяш чун ҷинҳо хатҳо дорад. Ин самар то се сол қуввати худро нигоҳ медорад.

пешина
аз 702
навбатӣ