Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан
  1. Сарв

Ин дарахти бисёр мавзун, хушкомати баланд аст. Баргаш реза, хазон намешавад, яъне ҳамешасабз аст.

Андозаи самараш хурдтар аз чормағз, санавбари-шакл, яъне шаклаш ба дили ҳайвонот монанд аст, мағз надорад; дар вақти хомӣ сабз ва баъди расидан андак зардтоб ва сахт мегардад. Тухми самараш сафеди зардча, ки ба наск монанд аст, вале аз он нозуктар.

Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум хушк аст. Мизоҷи самараш дар дараҷаи саввум сард ва хушк аст. Мизоҷи шилмаш гарм, таъмаш тунд ва тез қариб ба шилми санавбар аст.

Хислатҳои шифобахши он: баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, душвории шошиданро ислоҳ мекунад ва захмҳои рӯдаҳоро шифо мебахшад; аз ҳичак равон шудани моддаҳои нодаркорро манъ мекунад.

9 грамм барги хушкашро ос карда бо 2,5 грамм шилми бодоми талх бихӯранд, ҳичакро қувват мебахшад; инчунин дар вақти хоб ба ҷоғаҳ шошидан ва душвории пешоб карданро дармон мегардад.

Агар онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, барои дарди дандон ва захми милки дандон дору мебошад, инчунин ин узвҳоро мустаҳкам мекунад. Онро кӯфта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, сурфаи кӯҳнаро дафъ мекунад ва меъдаро қувват мебахшад.

Самарашро хуб кӯфта, бо шароби хушбӯ биёшоманд, хунравиро аз дарун манъ мекунад, иллати ростнафасро, ки соҳибаш хоб карда нафас гирифта наметавонад, шифо мебахшад; намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба меъда рехта шаванд, инчунин захми рӯдаҳоро дафъ месозад.

Ин самари онро кӯфта, ба ҷои даридаи шикам, ки ҷурра (дабба) мемоманд, гузошта банданд, даббаро таҳлил медиҳад ва даридаи шикамро ба ҳам оварда сиҳат мекунад.

Хӯрдани маҳсулоти сарв ба шуш зарар дорад. Дар ин ҳолат катиро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

Аррамайдаи чӯбашро бо шилми бодоми талх якҷо карда гузошта банданд, ҳичакро қавӣ мегардонад, ҳангоми хоб ба ҷоғаҳ шошиданро ба ибро меоварад.

пешина
аз 702
навбатӣ