Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар саввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани он ба дил фа-раҳ меоварад, баданро сабук месозад, андак кайф ҳам мекунад; ҳарорати табиӣ, яъне ҳарорати аслии баданро нигоҳ медорад; даҳон, арақи бадан ва пе-шобро хушбӯй мегардонад, бодҳоро аз бадан паро-канда мекунад, доғҳои кунҷидак ва нуқтаҳои сафедро аз пӯст пок мекунад, беҳузур (беҷо) шудани дил ва кайро манъ месозад; рутубати зиёдатии меъдаро хушк менамояд; рафтани дарунро хоҳ аз рӯдаҳо ва хоҳ аз меъда ва узвҳои дигари дарун равон гардад, бозмедо-рад; рутубати бадбӯгаштаи меъдаро дур менамояд; ба-рои истисҳои лаҳмӣ (водянкаи гӯштӣ) ва душвории шошидан даво мешавад.

Агар онро бирён карда кӯфта бихӯранд, исҳоли обдорро манъ мекунад.

Агар онро кӯфта гузошта банданд, барои дарди сари аз сардӣ, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), қаҷ шудани рӯй, суст ва нотавон гаштани аъзо, варамҳои сарди ҷигар ва дардҳои аз сардӣ ва тарӣ баамаломада дору мешавад. Агар кӯфтаи инро бо талхшувок ва асал хамир карда гузошта банданд, доғҳои кунҷидак, нуқтаҳои сафеди дар пӯст афшон-гашта ва доғҳои аз зарба пайдошударо нест мекунад. Агар инро бо равғани савсани кӯҳӣ ва равғани зай-тун даромехта, дар гӯш чаконанд, қарни гӯшро ва дард кардани онро, ки аз хунукӣ бошад, ба ибро ме-оварад.

Ҷавзи бавворо маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад, сурхӣ ва ҷӯзишҳои хоришноки онро дафъ мекунад.

Аммо хӯрдани ин ба одамони гарммизоҷ зарар ме-кунад: дарди сар меоварад, ин зарараш бо кашниз хӯрдан ислоҳ меёбад; инчунин ба ҷигар ва шуши он-ҳо ҳам зиёнкор аст — дар ин маврид бунафша ва асал бихӯранд, зиёнаш дафъ мегардад.

Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз ҷавзи бавво аз 4,5 то 9 грамм аст.

Барои он, ки ҷавзи бавворо кирм нахӯрад, дар да-руни оҳак нигоҳ медоранд.

пешина
аз 702
навбатӣ