Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

хамир карда, дар офтоб гузошта банданд, то он ки зуд хушк шавад ва аз нав гарм карда гузошта банданд, таъсираш барои иллатҳои номбурда хубтар мегардад.

Оберо, ки дар он испанд ҷӯшонида шуда бошад, дар офтоб ғафс гардонида, баъд дар бинӣ бирезанд, назла ва сурхии чашмро дафъ мекунад.

Испандро дар оби турб то қувваташ ба он об гузаштан биҷӯшонанд, баъд он обро соф намуда, аз болояш баробари он равғани зайтун андохта, бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то ки обаш бухор шуда равғани холис бимонад, вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад. Ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, гаронӣ ва карии гӯш, инчунин чарангҳои гуногуни онро дафъ мекунад.

Испандро кӯфта, ба фарши хона бипошанд, ҳашароти газанда аз он ҷо дафъ мегарданд.

Истеъмоли испанд ба дарун барои одамони гарммизоҷ зарар дорад: дарди сар медиҳад ва дилашонро беҳузур (беҷо) мекунад. Ин зарар бо хӯрдани меваҳои турш, сиканҷабин ва дигар туршиҳо ислоҳ меёбад.

Миқдори як бор дар як рӯз хӯрданд аз худи испанд аз 4,5 то 9 грамм аст.

Мизоҷи равғани испанд дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст.

Агар инро бихӯранд ва аз рӯ бимоланд, гиреҳи майнаро мекушояд; барои фолиҷ, кач шудани рӯй, ларзак, нотавон мондани узвҳо, саръ (припадка), паридани аъзо, боди асабҳо ва караҳтӣ шифо мебахшад.

Бо ин равған нимгарм хукна (клизма) кунанд, дарди миён, иркуннасо (радикулит), сардии гурда ва бачадонро нафъ мебахшад.

Решаи испандро кӯфта, бо равғани савсани кӯҳӣ сиришта, дар сӯрохи мақъад бардоранд, даҳони рагҳои бавосирро кушода, хуни бандшудаи онро равон мегардонад.

  1. Гули санг

Он чизест, ки дар рӯйи сангҳои намнок пайдо мешавад. Рангаш сабзи мисил ба сафедӣ ё сурхи моил ба пуштӣ. Агар онро дар каф бимоланд, рангаш ба даст бармеояд.

пешина
аз 702
навбатӣ