Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Мизоҷаш сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин хосияти поккунандагӣ дорад. Агар ос карда гузошта банданд, ҳама намудҳои шукуфаи пӯстро шифо мебахшад, хуни равонро банд мекунад, тафси узвҳоро таскин медиҳад, варамҳои гармро ба таҳлил мебарад ва агар бипошанд, варами забонро мегардонад.
Навъи сурхи гули сангро дар об ҷӯшонида, он обро соф карда бинӯшанд, дарди зонуро дафъ мекунад.

  1. Хори хасак

Ин гиёҳест сохти баргаш монанди барги тарбуз кайчибарги кунгурадор, вале хеле аз он майда, инчунин сокаш ҳам монанди биёраи тарбуз бар замин паҳн шуда месабзад, ки дар ҷойҳои намнок мерӯяд. Самараш сегӯшаи хорнок ба бузургии ду нахӯде. Дар наздики банди баргҳои биёрааш самар мебандад. Гулаш зардӣ бисёр реза. Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон хори почадаррон низ меноманд.
Мизоҷаш мӯътадил аст дар гармиву сардӣ ва хушкӣ.
Хислатҳои шифобахши он: истеъмоли ин ба дарун узвҳои даруни шикамро аз моддаҳои нодаркор ва зарарнок пок мекунад, пешобро меронад, дарди ҳиҷакро таскин медиҳад, маниро меафзоёнад, санги гурда ва ҳиҷакро майда карда мерезонад, моддаҳои бозмондаи дарунро мепазонад ва пароканда месозад; кулинҷро (колитро), ки аз гармӣ бошад, дафъ мекунад, дарунро мулоим мегардонад, инчунин намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба узве рехта шаванд; агар инро бо шароб бихӯранд, зарари давоҳои захрнокро нест мегардонад.
Оби барг, реша ва самари онро дар офтоб қисм карда бихӯранд, захми роҳҳои пешобро, ки сӯзок меноманд, ба ибро меоварад; боҳ (пушти камар)-ро қавӣ месозад, сангҳои гурда ва ҳиҷакро майда карда мерезонад, душвор шошиданро ислоҳ мекунад, кулинҷро шифо мебахшад.
Оби ҳар як қисми ин растаниро бо асал даромехта, ин таркибро дар даҳон гардонанд, пухтани даруни даҳон, яъне ҷӯшишҳои даруни даҳонро ва бӯи бади онро дафъ мекунад, барои дарди милки дандон дору

пешина
аз 702
навбатӣ