Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

меъда, рӯдаҳо, ҷигар, гурда, ҳичак, бачадон, буғумҳо, истиско, махав, гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш, филио (слоновая болезнь) ва дигар иллатҳои савдовӣ, инчунин ба бавосир даво мешавад. Барои ин бемориҳо ханзалро бо давоҳои муносиб бихӯранд ҳам, равост.

Чун шаҳми тарбузи абӯҷаҳлро дар шаҳдоб (аса-лоб) ҷӯшонида бихӯранд, моддаҳои ғафсеро, ки дар ҷигар банд шуда бошанд, бо исҳол дафъ менамояд. Чун самари яклухти онро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм хукна (клизма) кунанд, барои фолич даво мебошад; кулинҷи балғамӣ ва бодӣ, иркуннасо (ра-дикулит), дарди суринҳо, дарди пушт ва монандӣ ин-хоро дафъ мекунад. Агар самари инро монандӣ шамъ-ча сохта дар мақъад бардоранд, башиддат исҳол ме-оварад ва агар ин шамъчаро занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳоро дар шикам мекушад.

3,5 грамм равганашро, ки тарзи тайёр карданаш-ро дар боло зикр кардем, биёшоманд, балғам ва ҳа-маи навъҳои кирмҳои меъда ва рӯдаҳоро аз шикам хориҷ мекунад. Ва агар ин равғанро бо заҳраи гов даромехта, ба ноф бимоланд, ҳамаи кирмҳоро аз ши-кам мерсонад. Бо ин равған хукна кунанд, кулинҷро дафъ мекунад.

Агар барои тайёр кардани равғани ҳанзал самари тару тозаи он ба даст наояд, 75 грамм шаҳми хушки онро дар об ҷӯшонида, он обро соф карда, аз болояш 300 грамм равған рехта, то бухор шудани обаш бо оташи мулоим биҷӯшонанд ва аз ҷӯш, ки монд, рав-ған тайёр мебошад. Эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.

Чун сари самари ҳанзалро бурида, дар дарунаш мурч пур карда, он сарашро аз нав ба ҷояш часпо-нида, ба гили ҳикмат ё гили бӯта бигиранду наздики оташдон як ҳафта дафн намоянд ба тавре, ки насӯзад, ҳамон ҷо бигузоранд. Баъд мурчҳоро берун оварда соида бихӯранд, ҳамаи бодҳоро дафъ мекунад ва агар таом намефорида бошад, барои ҳазм шуданаш ма-дадгор хоҳад гашт.

Самари сабзи ҳанзалро кӯфта бимоланд, ирқуннасо ва дардҳои аз сардӣ баамаломадаро шифо мебах-шад.

Як адад сабзи он ва пӯсти тухми онро кӯфта би-хӯранд ва ё аз шаҳми (гӯшти) дарунаш зиёдтар тановул

пешина
аз 702
навбатӣ