Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

намоянд, ҳамаи кирмҳои даруни шикамро ихроҷ мекунад. Самари ханзалро якчанд мартаба бихӯранд ва ҳамон миқдор бар қафи по низ бимоланд, барои иллати махав дору мешавад ва авҷ гирифтани онро манъ мегардонад.

Решан ин тарбузи абӯҷаҳлро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, хуни шахшударо дар ҳар ҷои бадан, ки бошад, таҳлил медиҳад ва инчунин заҳри каждумро аз бадан дафъ мекунад. Нақл мекунанд, ки араберо аз чанд ҷои баданаш мори заҳрнок газид. Ӯ зуд 7 грамм ханзалро бихӯрд ва безарар монд — сиҳат ёфт.

Баргашро кӯфта, бо об ва нишонста сиришта гузошта банданд, хунеро, ки аз қафидан, даридан ё чок шудани раг равон бошад, манъ мекунад, инчунин варамҳоро таҳлил медиҳад.

Мегӯянд, ки чун сари самари ханзалро бурида, чанд порча решаи рӯянро ба даруни он фурӯ бурда, сарашро аз нав ба ҷояш часпонида, ба гили ҳикмат ё гили бӯта бигиранду наздики оташдон то як ҳафта гӯр кунанд, ба шарте, ки насӯзад. Баъд аз даруни он решаҳои рӯянро берун намуда, хушк кунанду вақти ҳоҷат дар оби лиму соя, ба қафи даст гузошта банданд ва то се навбат инро такрор намоянд, иллати махав дафъ мегардад.

Барги ин растаниро дар об ҷӯшонида, он обро дар хона бипошанд, кайкро мекушад ва намегузорад, ки дигар пайдо шавад.

Агар инро сӯхта, ба дудаш занҳо миёни пойҳои худро бидоранд, беҷо ва бевақт равон шудани ҳайзро ислоҳ мекунад.

Решаашро бар камар бибанданд, фуромадани обро дар хояҳо шифо мебахшад.

Тухмашро бихӯранд, исҳол ва қай меоварад, сарро чарх мезанонад. Вале агар инро такрор батакрор шуста, то талхиаш рафтан дар намакоб тар намоянд, баъд кӯфта, бо сир (сармисок) ва хурмо ҷӯшонида бихӯранд, барои сиҳати бадан фоида дорад.

Чун ҳанзалро сӯрох карда, тухмҳои онро берун
оварда, равғани занбак ё равғани савсани кӯҳӣ дар
он пур намуда, сӯрохи онро бо порчаи ҳанзал маҳкам
кунанду ба хамир печонида, ба рӯи оташ гузошта,
чанд ҷӯше бихӯронандду бо он ранг кунанд ва дар ҳаммом

пешина
аз 702
навбатӣ