Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
онро биёшоманд, мӯйро сиёҳ мекунад ва зуд сафед гаштани онро манъ месозад.
Равғани он, ки дар боло зикр кардем, рехтани мӯйро низ манъ мегардонад.
Ҳанзалро ду пора намуда, бар бадани аспе, ки канан бисёр дошта бошад, ду-се дафъа бимоланд, ҳамаашро дафъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз шахми (гӯшти) самари ҳанзал дар як рӯз аз 1,75 то 3,5 грамм аст, вале зиёда набояд истеъмол намуд. Инҳо дар хунук будани ҳаво ва зимистон ҳам истеъмол кардан мумкин нест.
Инчунин дар фасли гармо одамони гарммизоҷ набояд истеъмол фармоянд. Зеро ки дар он вақтҳо ба истеъмолкунандааш ғамгинӣ меоварад ва дар рӯдаҳо дард пайдо мекунад, инчунин басост, ки дар ин мавсимҳо таъсир намебахшад, балки боиси бемориҳои гуногун мегардад, аз ҷумла: дарди сар ва иллатҳои меъдаро ба амал меоварад; дар сардмизоҷон, балғамимизоҷон ва тармизоҷон рагҳои хунгардро кушода, хуни софи онҳоро мерезонад. Инчунин касе хоҳад, ки онро истеъмол намояд, бояд ки бо чизҳои ислоҳкунандаи он, масалан, шилми бодомҳо, нишоста, катиро бо ҳар яке биёшоманд, равост. Шилми бодомҳо сусткунандаи қуввати он аст ва катиро ёридиҳандаи таъсири он мебошад. Ва бояд ки ҳанзалро бисёр махин бисоянд, агар немкӯфта бошад, дар рӯдаҳо дард пайдо мекунад ва сатҳи даруни онҳоро мехарошад, ҳатто рӯдаҳоро меканад.
Ба ҷои ҳанзал тухми беданҷирро аз пӯст ҷудо карда истеъмол кардан мумкин аст; инчунин ба вазни он ҳардал (горчица) хӯрдан ҳам раво мебошад; илова бар ин 2 грамм ҳарбузаи сагакро бихӯранд, ҷоиз мебошад. Ва баробари вазни ҳанзал испандро бихӯранд ҳам, мешояд.
- Канаф
Ин растаниест, ки зироат мекунанд, гиёҳаш то ба ҳадде баландтар аз қадди одам ҳам мехезад. Аз пӯсти пояаш монандӣ зағир нах мегиранд. Аммо пӯшидани либоси аз он тайёр кардашуда ҷоиз нест, зеро ки ҳоли буғумҳои баданро бад месозад ва лоғар мекунад. Вале аз он коғази хуб сохта мешавад.
Гул, ғубори пашмакранг ва шабнаме, ки бар он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё