Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

дарди гӯшро таскин медиҳад ва кирми даруни онро низ мекушод.

Баргашро бихӯранд, рутубати меъдаро хушк мегардонад, дарунро мебандад, пешобро меронад ва барои ҷаранги гӯш даво мебошад, маниро аз зуд омадан нигоҳ медорад ва ҳатто онро хушк мекунад. Пӯсти гиёҳашро бихӯранд, қуввати боҳро қатъ мегардонад ва маниро мехушконад.

Канафи пӯсидаро, ки хушк бошад, кӯфта бипошанд, захм ва ҷароҳатҳои тарро хушк мекунад ва даҳони онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.

Решан канафи саҳроиро пухта гузошта банданд, инчунин баргашро низ кӯфта гузошта банданд, варамҳои гарм ва ҷамра (карбункул)-ро таҳлил медиҳад ва дарди узвҳои асабониро, ки дар онҳо моддаҳои зиёдатии мурдор бозмонда ба дард оварда бошанд, таскин медиҳад.

Чун барги хушки онро нимкӯфта ва каме об бар он пошида, гарм карда, баъд ба рӯи барги гармкардаи беданҷир гузошта, ба хоя банданд, ба ҷурра (дабба)-и обӣ дору мешавад ва варамҳои онро таҳлил медиҳад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз он 3,5 грамм аст, вале агар зиёда аз ин бихӯранд, хусусан аз канафҳои бадфиол биёшоманд, мекушад. Дар ҳолати ин гуна зарар рӯй додан илоҷаш равғани гов ва оби гарм ошомида кай кардан аст, то он ки дар меъда ҳеҷ чиз намонад. Инчунин дар ин мавриди нӯшидани шароби туршак (щавель) бисёр судманд аст.

Тухмашро бихӯранд, беҷо (беҳузур) шудани дилро таскин медиҳад, бодҳоро пароканда месозад, вале моддаҳои бадфиоли башиддат хушккунандаро дар бадан пайдо мекунад, дарунро мебандад ва дар шикам боду бухор пайдо менамояд; маниро аз равон шудан нигоҳ медорад ва ҳатто онро хушк мегардонад.

Зарарҳои тухмаш: дарди сар меоварад, чашмро торик мекунад, ба меъда ҳам зарар дорад. Вале агар онро бирён карда бихӯранд, безарар мегардад. Ва агар ин тухмашро беҳад бихӯранд, дар узвҳои дохилӣ захмҳоро ба амал меоварад. Ин зарари онро бо хӯрдани кӯкнор, шароби лиму, сиканҷабини шакарӣ ислоҳ додан мумкин аст, инчунин мегӯянд, ки оби хунук, барф ва шароби меваҳои турш низ бинӯшанд, ислоҳпазир аст.

пешина
аз 702
навбатӣ