Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Равғани тухми канаф, ки онро аз кӯфтааш фишурда мегиранд, дар мизоҷ гарм ва хушк аст. Онро бичаконанд ва бимоланд, барои дарди гӯш ва асабҳо, таҳлил додани варамҳои сахт ва сахтии бачадон, ки онро дар тибби ҳозира ноболигии бачадон меноманд, даво мешавад. Агар инро биёшоманд, маниро хушк мекунад.

Як ақидаро хотиррасон намоем, ки як қисм одамони, хусусан фуқарои Ҳиндустон, инро бисёр мехӯранд ва онҳо дар гумони оланд, ки гӯё нашъа (маҳсулоти канафӣ) умрро дароз, фикрро равшан мекарда бошад, вале истеъмолкунандагони зирактар дар хулоса ин байтро гуфтаанд:

Банге задему сирри аналҳак шуд ошкор,
Моро ба ин гуноҳи заиф ин гумон набуд.

Аксаре аз ин тоифа одамон ҳар субҳу шом барги онро соида, дар об ҳал карда, соф намуда, аз он об як қадаҳ менӯшанд. Агар ҳар кӣ назди онҳо ояд, ба ӯ низ таклифи нӯшидан менамоянд. Баъзеи онҳо онро хушк карда, андак бирён намуда, муддати дароз мехоянд ва ё бо кунҷиди бепӯст кӯфта, бо шакар даромехта, каф зада мехӯранду бисёртараб ва фараҳнок мешаванд. Зеро ки ин дар ибтидо ва аввалҳо қуввати ҳайвонии онҳоро ба ҳаракат меоварад ва хӯрокҳои бисёру гуногунро мехӯронад, лаззат меёбонад, ҳазм мекунонад ва бинобар ҷамъ шудани рутубат аз ин бадани онҳо фарбеҳ мегардад ва баъд ба аксари бемориҳои шадид мубтало мешаванд, аз ҷумла: сустии узвҳои ҳозима, боднокшавии бисёр, қароқури шикам, суулкинья (сустии ҷигар) варами дасту поҳо ва рӯй, вайронии ранги башара, сустии боҳ, афтидани дандонҳо, бадбӯии даҳан, ланчии ҳоли бадан, тарсончакӣ, хаёлҳои беҷо, вайронии фикр, худкушӣ ва ғайра. Инчунин барои ҳар гуна ҷиноятҳоро содир кардан ва номутеъ ба қоида ва қонунҳо бурда мерасонад. Баъзе касон ҳатто аз он маъҷунҳо сохта мехӯранд, баъзеҳо барои кам кардани хушкии мизоҷи он дар шир андохта меҷӯшонанд ва баъд қаймоқи онро ҷудо карда меошоманд. Низ равғани онро бо усулҳои дигар ҳосил мекунанд. Баъзеашон барои қавӣ гардонидани қувваташ шираи онро дохили таркиби он маъҷун мекунанд, ки он ба шерзодҳои машҳур аст — як ҳаби онро бихӯранд, мастии шадид меоварад.

пешина
аз 702
навбатӣ