Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

мекунад; ва агар бо кӯфтанӣ тухми харбуза даромехта бимоланд, башараро, яъне пӯсти баданро аз ҳар гуна доғҳо пок месозад.

  1. Туршак

Инро дар боғот зироат мекунанд ва дар ҳолати хомиаш мехӯранд. Таъмаш туруш аст. Ин растаниро ба русӣ щавель мемонанд.

Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: оби баргҳои туршакро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад ва даруни даҳанро бод хӯрда бошад, шифо мебахшад.

Баргашро бихӯранд, хуморро дафъ мекунад, иллати кайкуниро, ки сабабаш ҷамъ шудани сафро дар меъда бошад, бозмедорад; беҳузур (беҷо) шудани дилро, ки сабабаш бисёрии сафро бошад, манъ мекунад. Баъзе касон ба гил хӯрдан ва ҳамчунин чизҳои раддӣ истеъмол кардан одат карда бошанд, агар туршакро истеъмол фармоянд, ислоҳи хол мегардонад. Хӯрдани туршак зардпарвинро дафъ мекунад, ҷигари гармимизоҷро қувват медиҳад, тафси меъда ва ташнагиро таскин медиҳад, ба таом иштиҳо меоварад, заҳри каждумро аз бадан дафъ месозад.

Агар инро пухта бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад ва бо татум ҳамроҳ карда бихӯранд, решҳои рӯдаҳо ва харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад.

Инро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб даромехта бинӯшанд, зардпарвинро нафъ дорад.

Туршакро пухта, баъд бо равғани зайтун биръён намуда, ба даруни он кашниз, андак зира ва оби анор дохил карда бихӯранд, даруни равонгаштаро мебандад.

Пухтани онро бо шароб хамир карда гузошта банданд, иллати ханозер, варамҳои баногӯш, кӯтур, шукуфаи пӯст ва доғи песро шифо мебахшад; агар ба ҷои шароб сиркоро ба кор баранд, иллатҳои сипурзро ба ибро меоварад.

Туршакро кӯфта, бо равғани гулисурх ва заъфарон хамир сохта гузошта банданд, решҳоеро, ки рутубаташон ба асал мемонад, сиҳат мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ