Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Вале истеъмоли он ба дарун пушти камарро (боҳро) зарар дорад. Дар ин ҳолат шарбатҳоро истеъмол намоянд, ин зиёнаш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз то 75 грамм аст.
Мизоҷи тухми туршак дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк аст.
Тухми инро бихӯранд, барои бемориҳои дил, меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва дафъ кардани заҳрҳо дармон мешавад; ҳамчунин дилтапакро, ки сабабаш ё зиёд шудани хун, ё афзудани моддаи сафро бошад, шифо мебахшад; тафсидани меъда ва зардпарвинро дафъ мекунад, захми рӯдаҳоро сиҳат месозад, қуввати заҳри каждумро дар бадан мешиканад. Агар инро бирён карда бихӯранд, исҳолҳои хунин, сафровӣ ва исҳоли аз ҷигар содиршавандаро манъ мекунад. Ва агар бисёртар бирён карда бихӯранд, дарунро мебандад, ҳатто шах мекунад.
Бар зидди заҳри каждум ин давои ба дараҷае устувор аст, ки агар касеро, ки тухми инро хӯрда бошад, ӯ аз ин озор ва ранҷ намеёбад.
Вале туршак ва қисмҳои онро ба дарун аз ҳад зиёд истеъмол кунанд, ба гурда ва сипурз зарар дорад. Дар ин мавриди арпабодиён ва қанд бихӯранд, ислоҳ зарар менамояд.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми туршак то 7 грамм аст.
Агар решаашро бихӯранд, исҳоли хунинро манъ мекунад, харошида шудани сатҳи дарунии рӯдаҳо ва зардпарвинро дафъ мегардонад, обравии бачадонро ислоҳ менамояд, ҳайзро қатъ мекунад.
Решаи инро кӯфта гузошта банданд, кӯтури захмин, шукуфаи пӯст, милкак ва кафидани нохунро шифо мебахшад; агар бо орди ҷав сиришта гузошта банданд, хориши баданро барҳам медиҳад; вале инро пухта, бо сирко хамир карда, аз рӯ гузошта банданд, варами сипурзро таҳлил медиҳад. Ва онро танҳо ба гардан овезанд, ҳанозерро барҳам медиҳад.
Решаи онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, зардпарвинро, ки аз афтодани гиреҳ бошад, шифо мебахшад, санги гурда ва ҳиҷакро майда карда мерезонад, ҳайзи бандшударо мекушояд, яъне равон мекунад.
Ин растанӣ навъи саҳроӣ низ дорад, ки инро тоҷикон шилҳа, қав ва аз узбекӣ гирифта, откулок меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё