Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

Баргаш сербартар ва дарозтар, ки ба барги лаблабу шабоҳат дорад. Агар оби гиёҳи инро бинӯшанд ва ё баргашро пухта бихӯранд, харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо, ки сабабаш хушкӣ ва афзудани сафро дар ин узв бошад, сиҳат мебахшад.

Решааш дар давогӣ қавитар аз решаи туршак аст. Агар инро бо набот бихӯранд, сурфаро дафъ мекунад. Ва агар кӯфта гузошта банданд, дарди буғумҳоро дармон мешавад, лат хӯрдани узвҳоро сиҳат мегардонад; никриси гармро, ки дард ва варам кардани ангуштони дасту похо аз ҷамъ шудани моддаҳои гарммизоҷ дар ин узвҳо бошад, шифо мебахшад.

Решаи инро бо решаи кавар якҷо сӯхта, ба дудаш бидоранд, донаи бавосирро хушк карда меафтонад.

Шилхаи обӣ, ки ин низ як навъи шилха (қав) аст, вале он наздики обҳо, ҷӯйборҳо мерӯяд. Баргаш дарозак, монандӣ тагбаргҳои коснӣ аст. Тухмаш сиёҳи моил ба сурхӣ мебошад. Таъмаш монанди мазаи бӯстени ин аст.

Хислатҳои давогиаш қариб ба бӯстонӣ аст: хӯрданаш барои дилтапак (дилбозӣ), беҳузур шудани дил фоида дорад; бо шароб бихӯранд, ғамро дур мекунад, аз тарсончакӣ наҷот медиҳад; сустии мақъадро ислоҳ менамояд, фараҳ меоварад, табъро чок мегардонад.

Решаи инро кӯфта гузошта банданд, кӯтур, ҷароҳатҳо ва решу захмҳои бадфиолро шифо мебахшад, варамҳои гармро таҳлил медиҳад; намегузорад, ки захмҳо вусъат ёбанд.

Чун тухм ва баргашро бихоянд, дарди дандонро сокин мекунад, бехи дандонро мустаҳкам месозад. Агар инро бардавом бихӯранд, зардпарвинро шифо мебахшад.

  1. Нахӯд

Ин растанӣ навъҳои ҳам бӯстонӣ дорад ва ҳам саҳроӣ. Нахӯд ба ҳама маълум аст.

Мизоҷи бӯстониаш, яъне зироатиаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк; мизоҷи саҳроияш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Мизоҷи сабзи тару тозааш дар дараҷаи якум тар аст. Қувваташ то се сол боқӣ мемонад.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дар шикам бод пайдо мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ