Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

банданд, барои фалаҷ, бемориҳои вобаста ба мағзи сар, иллатҳои асабонӣ ва дарди асабҳоро дармон мешавад; дарди бади гулӯро, ки аз ҷамъ шудани хун дар ин узв аст, дафъ мекунад; агар бо муми занбӯри асал ва равғани гулисурх сиришта бимоланд, дарди паҳлу ва лат хӯрдани аъзоро ба ибро меоварад.

Гули хинои хушкро дар либоси мӯина бигузоранд, намегузорад, ки онро кирм ва куя бизанад. Баргаш ҳам ҳамин хислатро дорад.

Аз гули хино равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Дар зарфи шиша равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун андохта, онро аз гули хино пур месозанду ба офтоб мегузоранд. Баъди шаш-ҳафт рӯз ранги гул мепарад, он гулро фишурда дур намуда, ба ҷои он гули дигар пур мекунанд. Ҳамин тавр панҷ-шаш маротиба гулро нав карда, охиронашро ҳам фишурда дур намуда, равғанро соф карда мегиранд — ин равғани хино ҳисоб меёбад.

Мизоҷи ин равған гарм аст. Инро бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад, мӯйро мустаҳкам месозад, ранги рӯйро неку мекунад.

Аз барги хино ҳам равған тайёр мекунанд ба ин тариқ. Оби барги хиноро дар зарфе карда, аз болояш ҳамон миқдор равғани зайтун ё равғани кунҷиди тоза мерезанду бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то он ки обаш батамом бухор гардаду равған бимонад. Аломати тамом шудани об дар ин амал ҳамон аст, ки аз ҷӯш мемонад. Ин равғанро низ бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад, дардҳои гуногунро дафъ мекунад, тарангу беҳаракат мондани узвҳоро шифо мебахшад, иллатҳои асабҳо ва буғумҳоро ба ибро меоварад.

Навъи дигари гирифтани равғани барги хино ин тавр аст. Барги хиноро дар соя хушк карда, ҳар кадар, ки хоҳанд, бигиранд. Дар шаш баробари вазни он об як шабонарӯз тар карда, баъд то сеяки об мондан меҷӯшонанд. Сонӣ он обро соф карда, аз болояш баробари он об равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун андохта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то ба ҳадде, ки об тамоман бухор шуда раваду равған бимонад.

Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз ҷирми хино ва гули он аз 2,25 то 4,5 грамм аст, зиёда аз ин бихӯранд, кушанда мебошад.

пешина
аз 702
навбатӣ