Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Ин растании маълум аст, ки ду навъ мебошад: навъи бӯстонӣ ва намуди саҳроӣ дорад. Ду гурӯҳ дорад: гулаш сурх ва гулаш сафед. Беҳтаринаш қисми сафедгули он аст.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши бӯстонии он: оби аз себаргаи тар фишурдаро дар офтоб хушк кунанд, инро усораи себарга меноманд. Усораи инро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи афтодаеро, ки чашмро торик мегардонад ва гули чашмро дафъ мекунад, реши чашмро шифо мебахшад.

Себаргаро кӯфта бо шароб бихӯранд, истиско ва зардпарвинро даво мешавад, кулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, ба ибро меоварад, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад, заҳрҳои қаттолро аз бадан дур менамояд, пучакҳоро мепазонад ва мекафонад; ҳолати бади ахлоти сегонаро, ки хун, балғам ва сафро мурдор гашта бошанд, ба ислоҳ меоварад, дарунро мулоим мекунад, иштиҳоро мекушояд.

Барги тарашро қима карда, бо андак равған биръён намуда, бардавом тановул кунанд, барои иллати истиско, ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои хунукмизоҷ бошад, сиҳат мекунад. Арақи инро низ бардавом бинӯшанд, истискоро шифо мебахшад.

Тариқи гирифтани арақи себарга чунин аст. Барги тарашро кӯфта, дар анбик андохта, ба оташ мегузоранд ва ба рӯи ин асбоб оби хунук мерезанд. Оби барги себарга бухор гашта, ба сархонаи сарди анбик расида, қатраҳои об гашта, ба зарфи дар поён гузошташуда мечакад. Вале арақи ин монандӣ нӯшокиҳои масткунанда таъсир намекунад.

Аз себарга равған ҳам тайёр мекунанд. Ошомидани равғани он ҳар рӯз як маҳал 4,5 грамм, дарди буғумҳо ва дарди хояҳоро дафъ мекунад. Вале агар инро аз ҳад бисёр бихӯранд, дарди гулӯро ба амал меоварад. Дар ин ҳолати зараркардааш коҳу ва коснии тару тоза бихӯранд, ислоҳи зарар мекунад. Ин равғанро ба маблоғи асабҳо ва поҳои касе, ки замингир, яъне барҷомонда бошад ва қобили хестан набошад, бимоланд, шифо мебахшад.

Тайёр кардани равғани он чунин аст. Барг ва банди

пешина
аз 702
навбатӣ