Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Барг ва беҳрешан онро дар об ҷӯш дода, бо он об бишӯянд ё он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, сабӯсаки сар, шапуш ва ришкро дафъ мекунад, дарди бугумҳо ва никрисро шифо мебахшад.

Оби баргашро нимгарм бо натрун (танакори арманӣ) хамир сохта гузошта банданд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, варами пушти поро мегардонад, истиско (водянка)-ро шифо мебахшад ва дигар варамҳоро таҳлил медиҳад. Хусусан оби барги лаблабуи сафед дар ин амал қавитар аст.

Бо оби лаблабу ё бо обе, ки дар он лаблабу ҷӯшонида шуда бошад, ҳуқна кунанд, моддаҳои сахти даруни рӯдаҳоро хориҷ мекунад, харошила шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад, мақъади берун баромадаро ба ҷои аслиаш мебарад.

Баргашро дар об ҷӯш дода, дар он об вақти нимгарм шудан батакрор дасту похоро андозанд, аз сармо кафидани ин узвҳоро шифо мебахшад.

Баргашро пухта, баъди хунук шуданаш бимоланд, сӯхтагии оташ ва аз оби ҷӯш сӯхта ва инчунин сурхбодро шифо мебахшад.

Оби барги онро бо мумравғани аз муми занбӯри асал тайёр кардашуда даромехта бимоланд, дарди варамҳо ва доғи кунҷидакро дафъ мекунад.

Барги хоми онро кӯфта гузошта банданд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, захмҳои хабиса ва ширинчаро шифо мебахшад, инчунин дарди бугумҳоро таскин медиҳад. Агар ин баргро кӯфта, бо асал хамир карда гузошта банданд, шукуфаи пӯст ва озахҳоро хушк мекунад; бо ҳино даромехта гузошта банданд, мӯйро мерӯёнад ва сиёҳ сара мегардонад; ва агар бо равғани бодоми ширин даромехта гузошта банданд, варамҳоро мулоим мекунад.

Ҳар як қисми лаблабуро бо ҳардал ва обкома (оши турш) бихӯранд, қулинҷро таҳлил медиҳад ва бодҳои ғализро пас менишонад.

Вале хӯрдани лаблабу ба меъда зарар дорад ва агар бисёр бихӯранд, дилро беҳузур (беҷо) мекунад, хунро месӯзонад, қулинҷ ва дарди рӯдаҳоро ба амал меоварад. Ва агар лаблабуро бо наск пухта, бо обкома,

пешина
аз 702
навбатӣ