Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

оби ғӯраи ангур ва ғайра бихӯранд, ҳамаи ин зарарҳояш ислоҳ меёбанд. Агар оби лаблабуро дар сирко бирезанд, баъд аз чор соат онро шароб мегардонад.

  1. Сияҳак

Инро мумкин аст гуфтан, ки мушунги ғайрихӯрокӣ мебошад. Ин гиёҳест, ки дар миёни гандумзор ва наск мерӯяд, гулаш кабуд. Пояаш ба растании дигар такя намуда месабзад. Ғилофи тухмаш монанди ғилофи тухми мош аст, донааш ҳам қариб ба андозаи мош, вале сиёҳ ва сахт мебошад. Дар тиб ҳамон донааш ба кор меравад.

Хислатҳои шифобахши он: ин башиддат таҳлилкунанда ва гардонандаи варамҳои хеле сахти шадид, инчунин мулоимкунандаи онҳост. Чун тухми онро рад карда, бо сирко об омехта хамир карда, ҳашт соат дар офтоб бигузоранд ва баъд бо оби холис сиришта, ба варамҳои бисёр сахт ва дарднок гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад ва дардашро ҳам дафъ мекунад.

Огоҳ кунем, ки сиёҳак ғизои бадфиол аст, агар бихӯранд, бод ва қулинҷи бодиро пайдо мекунад. Дар ин ҳолат сиркоро бо ширинӣ даромехта биёшоманд, зарараш ислоҳ меёбад. Бинобар бад будани истеъмолаш ба дарун, мизоҷи инро нагуфтем.

  1. Шубрум // Шибрим /

Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон говкушак меноманд ва ба гӯсфандон зарар надорад. Ин растанӣ дар бӯстонҳо ва киштзорҳо низ мерӯяд. Пояаш рост, пашмакдор, гиреҳнок, баландиаш то дувуним ваҷаб, ба най монандӣ дорад, ширнок; баргаш мисли баргҳои тархун ва санавбар аст; гулаш бунафш, тухмаш ба наск мемонад, вале моил ба сафедию зардӣ. Решааш ғафс, пуршир ва ҳамчун даво қавитар аз тухми он аст, тухмаш қавитар аз баргаш. Беҳтарин навъи он сурхранги сабуквазни нарми он аст. Бадтарин навъи он тираранг ва сахти он мебошад. Агар ҳангоми шикастани қисми замини он чизҳои ришгамонанд

пешина
аз 702
навбатӣ