Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
дошта бошад, он заҳри қаттол аст, набояд онро истеъмол фармуд. Ин гиёҳро ба русӣ молочай мено-манд.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар охири дараҷаи дуввум хушк аст. Ба қавле баъзеҳо дар дара-ҷаи саввум гарм ва хушк аст. Вале мизоҷи шири он то дараҷаи чорум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин гиёҳ яке аз заҳрҳои кушанда ба ҳисоб меравад; вале моддаҳои балғам, савдо ва зардобро башиддат аз бадан меронад; хисла-ти бандкунандагӣ низ дорад, даҳони рагҳоро меку-шояд, ахлоти зиёдатиро аз чуқурӣ ва дуриҳои бадан ронда, бо воситаи пешоб дафъ мекунад. Барои меъ-даҳои сард ва тармизоҷ мувофиқ ва форам мебошад; истисқои обӣ, кулинҷ ва дарди буғумҳоро шифо ме-бахшад.
Агар инро кӯфта гузошта банданд, шукуфаи пӯстро дафъ мекунад.
Хӯрдани ин барои одамони гарммизоҷ ва касони нимҷон, ба меъда, ҷигар ва боҳ зарар дорад, табҳои тезро ба амал меоварад, иштиҳоро суст мегардонад ва маниро месӯзонад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз 0,1 то 0,5 грамм аст. Агар ҳар кас 4,5 грамми онро бихӯрад, кай мекунонад, ғамгин месозад ва беҳуш мекунад, ӯ ҳафа карда ҳатман мекушад. Агар ин ҳол рӯй ди-ҳад, маска ва равғани гов, инчунин шӯрбои гарм хӯрда баъд онро бихӯранд.
Инчунин 2,25 грамм шири онро бихӯранд, низ қо-тил аст. Ислоҳ карданаш ин тавр аст, ки се маротиба якшабонарӯзӣ дар шир тар карда ва ҳар мартаба шири нав истифода бурдан ҷоиз аст.
Агар худи шубрумро ба дарун истеъмол карданаш зарур афтад, барои шикастани тезии он бо давоҳои исҳоловар, ки ислоҳкунандаи он аст, ҳамроҳ менамоянд, вале танҳо худашро истеъмол намекунанд. Барои муолиҷаи кулинҷи бодӣ ва балғамӣ бо саргини гург ҳаб сохта, баъд мехӯранд, барои табобати варамҳо, кушодани гиреҳҳои узвҳои бадан ва дафъ намудани истисқо, балғам ва савдо дар оби коснӣ, арпабодиён, сагангури соф кардашуда се шабонарӯз тар карда, баъд дар соя хушконида, бо камтар сабир (алоэ), турбуд ё ҳалила ҳаб сохта, истеъмол менамоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо