Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан
  1. Шавкарон

Ин гиёҳи заҳрнок аст, ки ба тоҷикӣ тафт меноманд. Гулаш анбӯҳи сафеди чатрӣ монандӣ гули шибит, вале аз он хеле зиёд мебошад. Тухмаш мисли ноихоҳ моил ба сафедӣ ва луоб дорад.

Мизоҷаш дар дараҷаи чорум сард ва дар дуввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хосиятҳои қарахтиовар, масткунанда ва хобоварӣ дорад.

Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз 0,25 грамм мебошад. Ба ҷои ин тухми банг (кирмрезонак)-ро истеъмол фармоянд, равост. Агар инро 7 грамм ҳар кас бихӯрад, бо кушандагии заҳри хунукмизоҷаш, ки ақлро барҳам медиҳад, фикр ва зеҳнро беҷо гардонида, аз сухан мемононад, чарх задани сар, торикии чашм ва парда дар чашм пайдо намуда, ба ҳиққақ (ҳики-чок) гирифтор карда, дарун ва дасту поҳоро хунук гардонида ва дар охир ҷингтак кардани узвҳои бадан, дарди гулӯ оварда, тангӣ дар қасабаи шуш ва сурх-ной (сурхрӯда) содир намуда, оқибат мекушад. Давояш қай карда, даруни шикамро аз заҳри он пок намудан ва баъд чизҳои муфидтар, монандӣ шароби софи мусаллас ёфта нӯшидан ва баъд андак мӯҳлат дода, баъд аз он шири хар, талхшувок, мурҷ, ҳояи сагобӣ, судоб ва ҳар кадоме, ки ба даст ояд, бо шароби мазкур бинӯшанд ва дигар тадбирҳоеро, ки монанди тадбири афюнхӯрда бошад, ба кор баранд.

Чун хӯшаи гули онро пеш аз он, ки тухм бандад ва то тухмаш хушк шуданаш бигиранду бикӯбанд ва оби онро фишурда гирифта, дар офтоб хушк кунанд, фоидаҳои бисёр дорад. Аз ҷумла он, ки давои таскиндиҳандаи дардҳои чашм аст. Агар онро гузошта банданд, дардҳои гарммизоҷро басанда мекунад; мӯрчагазак ва ҷамра (карбункул) ном реши мӯҳликро шифо мебахшад.

Барг ва тухмашро кӯфта, ба пистони ширдор гузошта банданд, шири онро қатъ мекунад ва намегузорад, ки пистон пажмурда ва овезон гардад; агар инро ба пистони духтарон гузошта банданд, намегузорад, ки вай калон шавад. Агар ин кӯфтаро ба ҳояи писарон ва ба ҳояву каши рони ҷавонон гузошта банданд, ихтилом (дар хоб шайтон задан)-ро маън мегардонад ва варами он узвро ҳам таҳлил медиҳад;

пешина
аз 702
навбатӣ