Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

закар гузошта банданд, бохро суст менамояд ва намегузорад, ки ин узв бузург гардад; ва ба зери ноф ва ба ҳар узве, ки хоҳанд, гузошта банданд, мӯй дар он ҷо намерӯяд; ба шикам гузошта банданд, исҳоли хунин ва дигар навъ исҳолро зуд мебандад. Инро ба пешонӣ гузошта банданд, хуни биниро қатъ мегардонад.

Ҳаким Мирмуҳаммад Мӯъмин дар китоби «Тӯҳфат-ул-мӯъминин»-и худ навиштааст, ки чун решаи шавкаронро бо тухми банг аз ҳар як 17,5-граммӣ кӯфта, бо 675 грамм об, 150 адад мавизи ангури бузургдона дар оташи мулоим то тамоман бухор шудани об биҷӯшонанд, баъд мавизҳоро аз он ҷудо карда нигоҳ доранд, аз он мавиз аз як то се адад бихӯранд, сахт маст мекунад, маниро ҳангоми ҷимоъ аз зуд омадан нигоҳ медорад. Вале зиёда аз се адад бихӯранд, сахт хоб меоварад. Ва инчунин ҳакими мазкур навиштааст, ки ман инро «мавизи умру» ном кардаам.

  1. Тарҳун

Ин гиёҳро ба забони тоҷикӣ тарҳонӣ мегӯянд. Тару тозаи онро мардуми сарзамини Эрон монанди кабудиҳои дигар, чун: наъноъ, пудина, таратезак (индов) ва монанди инҳо бо нон, ҷӯғрот, панир ва ғайра мехӯранд. Ин растанӣ навъҳои бӯстонӣ ва саҳроӣ дорад. Онро бо усули киштани тухмаш ва қаламчаи шоҳашро шинонида месабзонанд. Дар таъми он тезӣ, гирандагӣ, тунҷӣ ва камтар ширинӣ ҳам мавҷуд аст. Агар инро батанҳои ба дили наҳор бихоянд, дарҳол ба забон карахтӣ меоварад. Бинобар ҳамин пеш аз оби давоҳои исҳоловар ҷӯшонидашударо нӯшидан, тарҳунро бо чав якҷо мехоянд, ки таъми он давоҳо дар даҳан махсус нагардад. Решаи тарҳуни саҳроӣ ҳамон оқирқирхо мебошад. Тарҳунро ба русӣ эстрагон меноманд. Мардумони пешаи деҳқонӣ мегӯянд, ки агар тухми испандро дар сирҳои кӯҳна тар намоянд, то он ки нам кашад, баъд бикоранд, тарҳун мегардад. Ва инчунин он тухмро дар миёни турб ҷо карда бикоранд, низ тарҳун мерӯяд. Беҳтарини тарҳун тару тозаи он аст.

Мизоҷи тарҳуни саҳроӣ дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст, вале бӯстониашро дар дараҷаи якум гарм ва хушк гуфтаанд.

Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумии тархун:

пешина
аз 702
навбатӣ