Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Бояд дар хотир дошт, ки дар корҳои таҷриба хатарҳо бисёр мавҷуданд, чунонки ҳакими бузург устод Буқрот ба ин ишора кардааст. Инчунин табибҳои дигари қадим дар ин бобат васият кардаанд, ки агар ягон давои омӯхтанагаштаро таҷриба кардани шаванд, пеш аз ҳама ба бӯй ва таъми он аҳамият диҳанд. Агар он бӯй бисёр нохуш ва таъми кареҳ дошта бошад, бидонанд, ки он даво безарар нест ва бидуни озмоиш набояд истеъмол фармоянд. Дар ин маврид барои таҷриба аввал ба ҳайвоноте, ки мизоҷашон ба мизоҷи одам наздик бошад, монандӣ маймун ва ғайри он, ки хӯрокашон даво ва гиёҳҳои заҳрнок набошанд, он чизи озмудашавандаро бихӯронанд ва то се рӯз тоом ва нӯшокии лоиқи онро дода, назди худ нигоҳ доранд, — ин усули беҳтарин аст. Агар дар ин амал зарари он мушоҳида нагардад, баъд ба инсон аз миқдори кам сар карда, ба тадриҷ ба зиёдтар хӯронидани он баранд. Агар онро ба шахсони қавибунёди табиаташ ғализи балгамимизоҷи калонсол, ки ба афъюн хӯрдан одат карда бошад ва монанди он одамон диҳанд, ё аввалан ба одамони ҳукми қатл доштагон бихӯронанд, ки марги онҳо таассуфангез набошад, хӯронида, дараҷаи кайфият, хосият ва миқдори хӯрдани онро маълум гардонанд.

Низ тариқи дигари шинохтани хусусият ва манфаатҳои давоҳо мавҷуд аст. Масалан, каси бемор ба ҷое равад ё он, ки аз барои ӯ ғизое ё давое биёваранд, ки он кас ва оваранда кайфияти онро надонанду он бемор аз хӯрдани он шифо ёбад ва сиҳат гардад. Баъд табибон аз ин воқеа огоҳ гашта, худашон низ он даворо аз имтиҳон гузаронида, кайфият, хусусият ва миқдори хӯрдани онро муайян мегардонанд. Инчунин ҳодисот бисёр рӯй медиҳанд. Масалан, ба хонаи собиқ раиси комитети иҷроияи шаҳри Исфара марҳума Азимова меҳмон меояд. Ба хотири он палов мепазанд, оби онро бо сатилча аз ҷӯй оварда дохил мекунанд. Баъди пухтани ош ҳангоми ба табақ кашидан Азимова дар палов морӣ пухтагиро дида, бо об оварда шустани он пай мебарад, вале ба меҳмон ин ҳодисаро изҳор намекунад. Баъд аз мурури муддате он меҳмон бо табъи чок аз мизбон мепурсад, ки дар он палов чӣ дохил карда буданд, реши ғадуди бехи манаҳи ӯ, ки инро сили ғадуд ҳам меноманд, сиҳат ёфт? Азимова аз ин ҳолат хушҳол гашта, қиссаи мори пухтагиро баён

пешина
аз 702
навбатӣ